Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷашни Наврӯз истиқбол гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид. Зимни он роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-сарпарасти ноҳияи Мурғоб, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода ва Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода сокинони ноҳияро бо Наврӯз табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва муваффақият таманно намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки бо ташаббусу иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид.
Ин ҷашни миллӣ барои миллати тоҷик мероси таърихӣ ба шумор рафта, аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз нишони он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеъан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд».
Дар базмгоҳи наврӯзӣ барои ҳамкорӣ ва мусоидат дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист, саҳми муносиб дар ободонӣ, иштироки фаъол дар чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва баҳри тоза.ю озода нигоҳ доштани муҳити зист Раиси ноҳияи Мурғоб, раиси Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №9 ва №14 –и ноҳияи Мурғоб бо Сипосномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин иштирокдорони мусобиқаҳои варзишӣ, ки сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, бо ифтихорнома ва мукофотхои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳанги ноҳияи Мурғоб ба базмгоҳи наврӯзӣ ҳусни хосса бахшид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро бошукуҳ таҷлил намуданд






