Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷашни Наврӯз истиқбол гирифта шуд

Март 31, 2024 11:20

ДУШАНБЕ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо  шаҳомати хосса таҷлил  гардид. Зимни он  роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-сарпарасти ноҳияи Мурғоб, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода ва Раиси ноҳияи Мурғоб  Ҳусния Раҷабзода сокинони ноҳияро бо Наврӯз табрик гуфта,  ба онҳо саломатӣ ва муваффақият таманно намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки бо ташаббусу иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид.

Ин ҷашни миллӣ барои миллати тоҷик мероси таърихӣ ба шумор рафта, аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст.

Тавре ки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз нишони он аст, ки одамони сайёра ба ин   ойини воқеъан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд».

 Дар базмгоҳи наврӯзӣ барои ҳамкорӣ ва мусоидат дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист, саҳми муносиб дар ободонӣ, иштироки фаъол дар чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва баҳри тоза.ю озода нигоҳ доштани муҳити зист  Раиси ноҳияи Мурғоб, раиси Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №9 ва №14 –и ноҳияи Мурғоб бо Сипосномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин иштирокдорони мусобиқаҳои варзишӣ, ки сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, бо ифтихорнома ва мукофотхои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳанги ноҳияи Мурғоб ба базмгоҳи наврӯзӣ ҳусни хосса бахшид.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 31, 2024 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Арабистони Саудӣ Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Женева ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил шуд
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПЕШВОИ НАВРӮЗ». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза истиқбол мегирифтанд
Ҳамоиши наврӯзии «Корвони шодӣ» ба мардум шодиву нишоти беандоза бахшид
Дар Истаравшан ҷашни Наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҷлил гардид
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
Дар Кумитаи телевизион ва радио ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи расму оинҳои хосса таҷлил гардид
Дар Суғд мусобиқаи пойга ва бузкашӣ баргузор шуд
Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо барномаи рангини ҳунарӣ таҷлил гардид