Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар доданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, собиқадорони меҳнат, кормандони касбу кори гуногун ва сокинону фаъолон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ намоиши молу маҳсулот, дастовардҳои аҳли ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, анъанаҳои неки наврӯзӣ, таомҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ба намоиш гузошта шуд.
Таъкид карда шуд, ки ба Тоҷикистон боз насими баҳору қадами хуҷастапайи Наврӯз омад. Диёри зебоманзару кӯҳсори Варзоб симои худро чун арӯси сол боз ҳам зеботару дилкаштар мегардонад.
Иброз гардид, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни байналмилалӣ пазируфта шудани Наврӯз дарак аз он медиҳад, ки ҳанӯз аз замони қадим то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Наврӯзи соли 2024 вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукуҳ таъкид намуданд: «Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст».
Ба ифтихори чорабинии мазкур аз ҷониби бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барномаи бо шукуҳи идона ва рангини ҳунарӣ, ки ба ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаш гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд






