Дар ноҳияи Ёвон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи тамоми рукнҳои миллӣ таҷлил гардид
ЁВОН, 25.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова аз ҷониби маорифчиёни ноҳияи Ёвон ва ҷамоатҳои деҳоти ба номи Гулсара Юсупова, Обшорон ва Ситораи Сурх ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо риояи тамоми рукнҳои миллӣ таҷлил гардид. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Сокинону меҳмонон бо намоишгоҳи наврӯзии омӯзгорон ва сокинони ҷамоатҳои деҳот шинос шуда, ба ҳунари кадбонугию ҳунармандии занону духтарон ва риояи расму оинҳои неки наврӯзӣ баҳои баланд доданд.
Иброз гардид, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз маросими суннатии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст. Ҷашни Наврӯз таҷассумгари некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзӣ буда, фарҳанги оламшумули мардуми тоҷикро тавассути ойинҳои худ машҳури олам гардонидааст. Дар қисмати дигари чорабинӣ аз ҷониби дастаи ҳаваскорони соҳаи маориф ва ҷамоатҳои деҳот барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






