Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.
Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода таъкид намуд, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 март баргузор гардид, масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллатро дар бар мегирифт.
Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар мамлакат қонунҳои зиёде ба тасвиб расидаву мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар беҳбуд бахшидани ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва арзишгароии миллат нақши муассир доранд.
Бешак, аз миллитарин, мардумитарин ва муҳимтарини онҳо, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ва дастгирии оммаи васеи мардуми мамлакат мувофиқ ба меъёрҳои конститутсионию байналмилалӣ қабул ва амалӣ мегарданд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба шумор мераванд.
“Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул гардидааст, дар он давра ҳанӯз вазъи сиёсӣ-иҷтимоии мамлакат ба эътидол наомада буд. Пешвои миллат бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва маърифати волои иқтисодӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии мардуми мамлакат, аз байн бурдани ҳама гуна падидаҳои зоҳирпарастиву низоъангез дар ин самт иқдоми саривақтӣ намуданд. 9 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расида буд, ки заминаи муҳиме барои қабулу ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.
Таъкид шуд, ки масъалаи танзими анъанаву маросим ва одатҳои миллӣ бояд зери таваҷҷуҳи мардум қарор гирад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки имрӯз ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баҳри ободии диёр корҳои зарурӣ амалӣ шудаанд. Хуб мешуд, ки мо дар ободии маҳал ва дар маҷмуъ, Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузорем.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






