Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
ХОРУҒ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ дар мавзеи бинои собиқ заводи нони шаҳри Хоруғ корҳои сохтмони корхонаи истеҳсоли ҳасиб ва маҳсулоти ширӣ оғоз гардид.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад, муассиси корхона соҳибкори муваффақи маҳаллӣ Рамеш Худоиев мебошад, ки бо таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ширкати «Неъматҳои Помир» ният дорад аз ҳисоби гӯшти чорвои маҳаллӣ ва ширкатҳои бузурги мурғпарварии ватанӣ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд намояд. Лоиҳа дар доираи 10 миллион сомонӣ амалӣ мешавад. Ин иқдом дар пайи баргузории Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест 2023» ҳосил шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа дар ду марҳила амалӣ мегардад. Таҷҳизот барои корхонаи нав аз давлатҳои Аврупо ворид карда шуда, мутахассисони аврупоӣ бо ворид намудани технологияи муосир ҳамчунин мутахассисони маҳаллиро баъди насбу васли таҷҳизот дар ҷойи кор ба омӯзиш фаро мегиранд.
Бо ба кор андохтани ин корхонаи саноатӣ беш аз 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Ҳоло миқдори зарурии масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардида, бо ҷалби сохтмончиёни ватанӣ корҳои бунёдӣ дар ин иншоот оғоз мешаванд.
Гуфта шуд, ки дар фосилаи кӯтоҳи вақт бунёд гардидани силсилаиншооти саноатии ҳудуди вилоят ва минбаъд низ бештар тавсия додани ин иқдом ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд. Ин лоиҳа дар доираи Форуми соҳибкориву сармоягузории «Помиринвест-2023» бунёд шуда, муассиси корхонаи навбунёд супориш гирифт, ки то моҳи августи соли 2024 фаъолиятро оғоз намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






