Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 31.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17-19 июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» гузаронида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» бо мақсади дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, амалӣ намудани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ соли даҳум аст, ки дар вилояти Суғд ташкил мешавад
Дар доираи Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» ҳамзамон гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шуда, дар ин ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Намоишгоҳи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023», ки 22 — 24 июн доир гардида буд, 500 меҳмон аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Корея Ҷанубӣ иштирок намуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






