Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид

Март 23, 2024 14:57

ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҳокимияти  иҷроияи ноҳияи Нурини дар Боғи марказии шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, ки дар он кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.

Дар таҷлили ҷашни бузурги аҷдодӣ Сафорати Тоҷикистон дар Остона гӯшаи фарҳанги миллиро иборат аз маводи таҷассумгари фарҳангу таърих ва нигораҳои миллӣ ташкил кард, ки он дар маркази таваҷҷуҳи меҳмонони сершумор қарор гирифт. Дар ҳамоиши идона дастурхони тоҷикӣ  бо таому шириниҳои лазизи наврӯзӣ- ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, ҳамчунин намоиши  ҳунарҳои дастии қадимаи мардумӣ,  аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ  ташкил гардид.

Дар ҷашн наврӯзӣ шахсони  расмии давлати иқомат, намояндагони корпуси дипломатӣ ва меҳмонони хориҷӣ ҳузур доштанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Март 23, 2024 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид