Дар Суғд доир ба дастовардҳои занон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон конференсия баргузор шуд
СУҒД, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Модар дар мавзуи «Дастовардҳои занон дар даврони соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон» Конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар конференсия олимон, собиқадорони меҳнат ва фаъолон иштирок намуда, оид ба дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастовардҳои занону духтарони тоҷик сухан намуданд.
Собиқадорони меҳнат ба занону духтарон иброз доштанд, ки бузургии Зан-Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Мо бояд имрӯз дар пешрафти ҷомеаю мамлакатамон саҳм гузорем.
Дар ҷамъомад намояндагон аз Институти илмҳои ҷомеашиносӣ ва Маркази солимии репродуктивии вилояти Суғд дар мавзуъҳои «Саҳми занон дар рушди илм» ва «Дастовардҳои занон дар соҳаи тандурустӣ» маъруза намуданд.
Иброз гардид, ки имрӯз баҳри саломатии модару кӯдак дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии вилояти Суғд тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад






