Дар Тоҷикистон шумораи шаҳрвандони бекор ба таври назаррас коҳиш ёфтааст

Март 10, 2024 09:26

ДУШАНБЕ, 10.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шаҳрвандони бекор дар Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар охири моҳи декабри соли 2023 шумораи бекорони расман сабти номшуда тибқи маълумоти агентиҳои меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 48,3 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи декабри соли 2022 9,7 фоиз камтар аст. Тибқи иттилои ин раёсат, 46,3 фоизи шумораи умумии шаҳрвандони бекори Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд.

Сатҳи бекории расман сабтшуда нисбат ба қувваи корӣ 1,8 фоиз ҳисоб карда шудааст. Масъулин паст шудани сатҳи бекориро ба баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва истеҳсолӣ, ки ҷойи нави кор эҷод менамоянд, рабт медиҳанд.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Март 10, 2024 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад
Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд
«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ оғоз гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад