Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯзро бо риояи анъана ва унсурҳои ниёгон таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар ҷамъомади идона иброз гардид, ки Наврӯзи хуҷастапай, ки аз ҷашнҳои қадимиву мардумии тоҷикон аст, таърихан Соли нави миллӣ ба ҳисоб рафта, оғози баҳору фасли кишту кор, эҳёи табиат ва ҷашни файзу кушоишҳо мебошад.
«Ин иди мардумӣ асрҳо боз бо хушҳоливу фараҳ истиқбол гирифта шуда, дар он бисёр анъанаву русуми аҷдодӣ инъикос меёбад. Рушди бесобиқаи Наврӯз ба давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, маҳз дар ҳамин давра овозаву шуҳрати он дучанд гардид, таърихаш амиқан омӯхта шуд ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн бо унсурҳои ваҳдатофариниву инсондӯстонааш мақоми ҷаҳонӣ касб намуд», — гуфта шуд дар ҳамоиш.

Бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ дар вазорат гӯшаҳои наврӯзӣ ташкил гардида, дар онҳо унсурҳои Наврӯз – ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои баҳорӣ, асбоби мардумӣ, сару либоси миллӣ, гулдӯзиҳо, зарфҳои қадимӣ ва дигар ашёи зарурӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳар гӯша фарогири дастовардҳои ҳунарҳои мардумии минтақаҳои мамлакат, бозгӯкунандаи русуми аҷдодӣ ва маҳорати баланди ҳунармандон буд.
Барномаи фарҳангӣ иборат аз шеъру сурудҳо дар вазфи баҳору наврӯз идомабахши ҳамоиши идона гардид.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақши Маркази байналмилалии Наврӯз барои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз чӣ гуна хоҳад буд?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»






