Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд

Март 28, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд. Дар ин хусус зимни шиносоии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни кишти зироати барвақтӣ, аз ҷумла кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии «Деҳқон — Ё» ва кооперативи тиҷоратии «Меҳнат»-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти раиси ноҳия.

Майдони умумии хоҷагии деҳқонии «Деҳқон — Ё» 30 гектар буда, аҳли заҳмати хоҷагӣ тасмим гирифтаанд, ки имсол дар 25 гектар пахта, 3 гектар полезӣ ва дар 2 гектари дигар зироати хӯроки чорво кишт намоянд. Кишоварзони Кооперативи тиҷоратии «Меҳнат» низ уҳдадор гардидаанд, ки дар 20 гектар кишти чигит гузаронанд.

Зимни суҳбат бо пахтакорон барои оқилонаю самаранок истифода бурдани замин, риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ, гирифтани ду-се ҳосил ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Бояд гуфт, ки кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолияти пурсамар доранд. Имсол кишоварзони ноҳия барои рушди соҳа ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар майдони 23 321 гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд, ки аз он 20 766 гектарашро кишти баҳории зироати кишоварзӣ ташкил медиҳад.

Тибқи дурнамо, имсол кишоварзони ноҳия дар 1735 гектар ғалладонагӣ, 12440 гектар пахта, 2541 зироати равғандор, 125 гектар картошкаи барвақтӣ, 225 гектар сабзавот, 2900 гектар полезӣ ва дар 800 гектар зироати хӯроки чорво кишт менамоянд.

Барои сари вақт гузаронидани кишти пунбадона дар ноҳия 1100 тонна чигит захира шудааст. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ноҳия беш аз 100 тонна пунбадонаи тухмӣ аз навъҳои «Иншай-2», «Дӯстӣ — Инхай» ва навъҳои маҳаллии «Султон» ва «Хуҷанд — 67» ба ноҳия ворид гардид. Ғайр аз ин барои кишти дигар зироати баҳорӣ захираи эътимодбахши тухмиҳо мавҷуд мебошад.

Барои гузаронидани кишти баҳорӣ ва парвариши зироат дар ноҳия 536 техника ва агрегати кишткунанда мавҷуд буда, аз он 99 ададашро тухмипошакҳои тракторӣ ташкил медиҳанд, ки барои кишту кори имсола дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд.

АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Март 28, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад