Доир ба нақши соҳаи маориф ва илм дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии аҳолӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Март 5, 2024 15:12

ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  5 март  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти унвони «Нақши соҳаи маориф ва илм дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии аҳолӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид.  Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар конфронс роҳбарияти  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок ва  фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба ин мавзуъ баён намуданд.

Иброз гардид, ки низоми мактабу маориф ва илму фарҳанг дар ташаккули ҷомеаи мутамаддин ва мутарақии давлатҳои олам нақши бағоят бузургро касб намудааст. Зеро маҳз мактабу маориф ва мутахассисони баландихтисоси соҳа кафили рушди устувори соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат буда, самаранокии рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа аз фаъолияти муназзами мактабу маориф вобастагии амиқ дорад.


Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 таъкид намуда буданд, «ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзанда пайдо намояд».

Зимни баргузории ҳамоиш масоили мубрами самти муқовимат ба коррупсия, аз қабили таҳлили вазъи бақайдгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар корхонаю муассисаҳои соҳаи маориф ва илм, андешидани тадбирҳо баҳри ошкор намудани сабабу шароити ба содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва бартараф намудани онҳо муҳокима гардида, иқдоми минбаъда тарҳрезӣ  шуданд.

Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли зиё, инчунин кормандони соҳаи маориф ва илм барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда, таҷрибаи давлатҳои муваффақ дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа ибрози назар намуданд.


Мақсади конфронс баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф ва илм арзёбӣ гардида, изҳори боварӣ шуд, ки он дар амалисозии муқовимати дастҷамъона бар зидди ин падидаи номатлуб мусоидати самаранок менамояд.

Дар фарҷом тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм даъват шуданд, ки иҷрои вазифаҳои хизматиро ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастҷамъона ба амалҳои коррупсионӣ равона намуда, барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли ояндасози Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

Зеро ҳисси баланди миллӣ, масъулиятшиносӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва муқовимати якдилонаи тамоми мардуми Тоҷикистон бар зидди ин падидаи номатлуб дарвоқеъ кафили рушди на танҳо соҳаҳои маориф ва илм, балки дар маҷмуъ кафили босуботи инкишофи кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мегардад.

София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Март 5, 2024 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»