Дурнамои кишти картошка дар Тоҷикистон 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад

Март 17, 2024 09:06

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи дурнамои соли 2024 дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 660 ҳазору 64 гектар зироати кишоварзӣ кишт шавад. То аввали моҳи марти имсол кишти баҳории ғалладонагиҳо 20 ҳазору 956 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон тибқи дурнамо картошка дар майдони 40 ҳазор гектар бояд кишт шавад, ки ба ҳолати 7 марти соли 2024 картошкаи барвақтӣ дар майдони 6622 гектар ва сабзавот дар 18 ҳазору 852 гектар кишт шудааст.

Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз медорад, ки кишти баҳории картошка дар водиҳо аз нимаи моҳи феврал ва аввали март оғоз гардида, то охири моҳи март гузаронида мешавад.

Ба гуфти мавсуф, дар кишти баҳорӣ картошкаи тухмиро як моҳ пеш аз кишт омода менамоянд. Бо ин мақсад лӯндаҳои тухми картошкаро аз ҷои салқин ба ҷои то 12-15 дараҷа гарму равшан, вале нури Офтоб намерасидагӣ ва намнокии ҳаво бояд аз 85 то 90 фоиз бошад, бароварда, 2-3 қабат рехта, 20-25 рӯз нигоҳ медоранд ва онҳоро дар ин давом барои инкишофи нешакҳо рӯйгардон менамоянд.

Дарозии нешакҳо то давраи кишт ҳангоми истифодаи мошинҳои картошкашинонак бояд 0,25-0,50 см бошад. Омода намудани тухмӣ барои кишт аз навъҳои тухмиҳои пешпазак ва миёнапазаку солим ва коркарди онҳо бо фунгиситҳо зарур аст. Лӯндаҳои картошкаро дар фосилаҳои 18-20 см ва дар чуқурии 8-10 см бояд кишт намуд. Баъди кишт ба рӯи ҷӯякҳо пошидани пору ба миқдори 7-10 тонна дар як гектар тухмиҳоро аз шароити номусоиди обу ҳаво нигоҳ медорад.

Доктори илмҳои кишоварзӣ изҳор дошт, ки «технологияи парвариши кишти картошкаи барвақтӣ аз картошкаи мавсимӣ фарқ дорад. Марди деҳқон пеш аз кишти картошка бояд заминро хуб омода  ва бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намояд. Нозукии асосии кишти картошка он аст, ки фасли сарморо ба назар гирифта,  лӯндаҳои картошкаро дар чуқурии 15 ё 16 см дар қаторҳо мешинонем. Инчунин теғаи болои картошка ва ду атрофи лӯндаи картошка бояд ҳамин андозаро дошта бошад. Дар кишти барвақтии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро ташкил диҳад ва ҳамроҳ бо нуриҳои минералӣ шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад. Ҳамчунин дар ҳолати шинонидани лӯндаҳои картошка бояд ҷӯякҳо аз қутби ҷануб ба шимол шинонида шаванд. Дар ҳолати баромадани офтоб гармӣ бояд ба  болои ҳамаи ҷӯякҳо таъсири хуб расонад. Инчунин лӯндаҳо дар ҳолати боришу барфи зиёд ва пас аз баромадани Офтоб бо гармӣ бояд баробар таъмин гарданд.  Ин  ба сабзиши картошка мусоидат менамояд».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, моҳи март сербориш мешавад, ки ин шароити боду ҳаво дар водиҳо барои гузаронидани корҳои саҳроӣ мусоид пешгӯӣ намешавад. Дар рӯзҳои боқимондаи моҳи март аз ҳисоби бебориш будани ҳаво гузаронидани корҳои саҳроӣ барои хоҷагидорон мусоид аст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 17, 2024 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Ҷидда барқарор менамояд