Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар соли 2025 баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзобод, Варзоб муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ин шаҳру ноҳияҳо дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фарҳод Восидиён мақсад аз баргузории ҷаласаро иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидори нав, фаъол гардонидани иқтидори амалкунанда ва дар маҷмуъ таъмини рушди иқтисоди мамлакат арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо бояд ба инобат гирифта шавад.
Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида, муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо моҳҳои март ва апрел анҷом дода мешавад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






