Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховра» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фарҳод Восидиён иброз намуд, ки мақсад аз баргузории ин ҷаласа таъмини иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидори нав ва дар маҷмуъ таъмини рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз мебошад.
Ба намояндагони шаҳру ноҳияҳои гуфташуда тавсия дода шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамо барои соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 ба иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Роҳбари давлат, ки ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ баён намудаанд, инчунин муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Дар ҷаласа аз ҷониби шахсони масъули шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав, Рашт, Лахш ва Нуробод дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 муаррифӣ гардид.
Баъд аз баррасии нишондиҳандаҳои пешниҳодгардидаи ин шаҳру ноҳияҳо барои расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат қарорҳои дахлдор қабул гардид.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






