Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст». Чунин иброз намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ», ки шоми 25 март дар шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Пешвои миллат иброз намуданд, ки мувофиқи асотире, ки дар миёни гузаштагони мо маъруф будааст, нахустин шоҳи олам Каюмарс, ки тавсифи подшоҳии ӯ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ омадааст, дар ин рӯз ба тахти шоҳӣ нишастааст. Дар «Шоҳнома»-и безавол, ҳамчунин, бунёд гузоштани Наврӯз ва муайян намудани сари соли нав ба шоҳ Ҷамшеди пешдодӣ нисбат дода шудааст, ки ба ин хотир, ин ҷашнро чун Наврӯзи ҷамшедӣ низ ёд мекунанд.
Ба ин маънӣ, Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки Наврӯз ҳамчун оғози ҳамаи шукуфтанҳо, сарсабзиҳо ва эҳёи дигарбораи замину замон бо таърихи бостонӣ ва фарҳангу адабиёти оламшумули миллати тоҷик пайванди ҷудоинопазир дорад. Аз сарчашмаҳои муътамад бармеояд, ки ҷашни Наврӯз дар заминаи андешаҳои амиқу пурвусъат ва ҷаҳонбиние бунёд шудааст, ки сабаби пойдории ҳувияту ҳастии мардуми мо, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамон то ба имрӯз гардидаанд. Маҳз ҳамин афкору андеша ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии Наврӯз ва дигар силсилаҷашнҳои ориёӣ, аз қабили Сада, Тиргон ва Меҳргон бо гузашти асрҳо ба ҷузъи муҳимми худшиносии миллии тоҷикон табдил ёфтаанд.
Сарвари давлат таъкид бар он намуданд, ки Наврӯз ҷашни сирф табиӣ, рамзи бедории табиат, пайванди ногусастаниву ҷовидонаи инсон бо табиат ва пайки шодиву сурури хурду бузурги мардум мебошад. Бинобар ин, мо онро ҳамчун мероси пурғановати фарҳангиамон нафақат таҷлил менамоем, балки барои омӯхтану барқарор кардани ойину русуми азбайнрафтаи он талош менамоем.
АКС: АМИТ «Ховар»








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






