ФУТБОЛ. Маросими қуръапартоии Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маросими қуръапартоии бозиҳои мавсими 33-юми Лигаи якуми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Имсол дар мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 13 даста иштирок менамоянд – ду даста аз ноҳияи Восеъ- “Файзканд” ва “Ҳулбук”, “Моҳир”-и Ёвон, “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, “Шодмон”-и Ҳисор, “Сарҳадчӣ”-и Ҳамадонӣ, “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, “Исфара”-и Исфара, “Душанбе”-и пойтахт, инчунин чор дастае, ки ҳамин мавсим аз Лигаи дуюм роҳхат ба Лигаи якум ба даст оварданд – “Ёқут”-и Ваҳдат (собиқ “Ваҳдат”) ва “Сардор”-и Турсунзода (собиқ “Регар”) аз минтақаи Душанбе, “Сомон”-и Данғара аз минтақаи Хатлон ва “Саразм”-и Панҷакент аз минтақаи Суғд.
Мавсими нави Лигаи якуми мамлакат 20 апрел оғоз ёфта, дар ду марҳила баргузор мешавад. Ғолиби Лигаи якум ба мавсими ояндаи Лигаи олӣ роҳхати мустақим ба даст меорад, барандаи медалҳои нуқраи Лигаи якум бо дастаи зинаи 11-уми Лигаи олӣ ду бозии гузаришӣ анҷом медиҳанд.
Мувофиқи низоми Бергер, дар даври аввали Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 дастаҳо ба таври зайл байни ҳам бозӣ менамоянд:
“Моҳир” – “Саразм”
“Ёқут” – “Шодмон”
“Саройкамар” – “Файзканд”
“Сомон” – “Сардор”
“Ҳулбук” – “Сарҳадчӣ”
“Исфара” – “Душанбе”
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






