ХОНАТАКОНӢ. Тоҷикон Наврӯзро бо тозасозии манзили зист ва поксозии қалб пешвоз мегиранд
ДУШАНБЕ, 19.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз аз бузургтарин ва бостонитарин ҷашнҳои тоҷикон буда, расму оин ва анъанаҳои махсусро доро мебошад. Яке аз анъанаҳои таърихии ин ҷашн, ки то ҳол мардум онро бо шавқ анҷом медиҳанд, тоза намудани атрофи манзил ва макони истиқоматӣ мебошад. Анъанаи деринаи тоза намудани гулгашту хиёбон, шинонидани ниҳолу гулҳо, хонатаконӣ ва шустушӯйи тамоми зарфу либосҳои хонаро сокинон ҳамчун рамзи аз байн бурдани гарду ғубор ва ғаму андуҳи соли кӯҳна медонистанд.
Дар фасли баҳор ва арафаи ҷашни Наврӯз мардум тамоми ҷиҳози хонаҳояшонро берун бароварда, хонаро сафед намуда, кӯрпаву гилем ва дигар лавозимоти рӯзгорро шуста, афшонда, дар берун меовехтанд, то шуълаи Офтоб онҳоро безарар гардонад. Барои мардуми тоҷик аз қадим то имрӯз ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи поккорӣ дониста мешавад. Ба ибораи занони солхӯрда, анҷом додани анъанаи халос шудан аз ифлосиву зарфҳои шикаставу кӯҳна- ин зиёд шудани файзу баракат ба хонадон мебошад.
Ҳамзамон дар айёми баҳор тамоми мардум ба ҳашар баромада, ҷӯй ва дарёҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, бехи дарахтонро нарм менамуданд, яъне то ҷашни Наврӯз омодагии ҷиддӣ медиданд.
Бояд гуфт, ки тозагӣ ба инсон ва амалҳои ӯ алоқамандӣ дошта, ҳамчун мафҳуми покӣ, тоза намудани муҳити зист аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад. Тоҷикон аз қадим тозагиро риоя мекарданд, зеро тоза намудани муҳити атроф, пеш аз ҳама, таҳкими мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим мебошад, ки аҷдодони мо аз қадим онро риоя менамуданд.
Мояи хушҳолӣ аст, ки дар Ватани мо ин расму оин ва анъанаҳои неки ниёгон дубора эҳё ва тақвият меёбанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намудаанд: «Воқеан, Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шуруъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш намудани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави мамлакат мебошад».
Чун идомаи анъанаи неки ниёгон имрӯзҳо сокинони мамлакат ба ҳашар баромада, дар поксозии атроф саҳм мегузоранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






