ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана ва шукуҳи хосса таҷлил намуданд. Сокинону меҳмонони пойтахт дар боғи мазкур бо анъанаҳои қадимаи наврӯзии миллати тоҷик, ки аз ҷониби намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳри Душанбе пешниҳод гардиданд, аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҷашнгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, дастурхони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ оро дода шуда, яке зери деги суманак ҳезум меандохт, дуюмӣ онро мекофт, дигарон гирди он давра зада, бо доира суруди «Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем»-ро мехонданд.
Корхонаву муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дастовардҳои яксолаи худро ба маърази тамошо гузоштанд. Сокинону меҳмонони ин ҷашни пуршукуҳ зери таронаҳои наврӯзӣ мерақсиданду шодӣ мекарданд ва аз он ки зери осмони софу беғубор ва сулҳу субот ин ҷашни ниёгонро таҷлил менамуданд, шукрона мегуфтанд. Шоду нишоти кӯдаконро интиҳо набуд, онҳо шеър мехонданду мерақсиданд, ки аз ин имтирокдорон завқ бурда, хушҳолӣ менамуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»














Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






