ИДИ ЭҲЁВУ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Турсунзода ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил гардид

Март 23, 2024 10:48

ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар наврӯзгоҳи «Баҳори Истиқлол»-и шаҳри Турсунзода ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ — ҷашни бузурги миллӣ бо шукуҳ таҷлил гардид. Дар ин  хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ҳайати меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон ва сокинону фаъолон иштирок намуданд.

Нахуст, меҳмонон бо хони идонаи омоданамудаи сокинони шаҳр, ки аз таомҳои миллӣ — ҳафтсину ҳафтшин иборат буд ва ҳунарҳои мардумӣ, ки хоси ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад, шинос шуданд.

Баён гардид, ки ҷашни Наврӯз  яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва маънавии тоҷикон арзёбӣ гардида, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷилои нав эҳё гардида,  аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.

Наврӯз ҳамчун айёми эҳё ва шукуфоии табиат одамонро ба кишту кор, бунёдкорӣ ва амалҳои хайру саховат ҳидоят намуда, ба инсон неруи созанда ва шодиву сурур мебахшад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз маҳсуб шуда, мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода низ дар пойдории рукнҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои неки наврӯзӣ саҳми арзанда мегузоранд.


Дар шаҳри Турсунзода аз Наврӯз  то Наврӯз ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ афзуда, кишоварзон дар ғановати дастархони ҳамдиёрон нақши муҳим мегузоранд.

Иброз дошта шуд, ки Наврӯз ҳамчун сарчашмаи маънавӣ ва эҳёву созандагӣ ба мардуми соҳибфарҳанги мо дар иҷрои нақшаҳои ободкорӣ  руҳу тавони тоза мебахшад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Март 23, 2024 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд