ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд

Март 24, 2024 10:18

ДУШАНБЕ, 24.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз соли 2016 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ 24 март Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ мебошад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 722 ҳазору 190 бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд.

Мақсад аз ин рӯз эҳё намудани анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони ҷумҳурӣ  ба гулпарварӣ, ниҳолшинонӣ  ва ҳифзи мероси табиӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки амалӣ намудани корҳои сабзазоркунӣ ва тозагию хуррамгардонӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки бо мақсади ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 20,5 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шуда, дар майдони 269 ҳазору 262 метри мураббаъ майсазор кишт гардид.

Мутахассис: ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад

Ба гуфти доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, қоидаҳои асосие, ки бояд барои  шинонидани ниҳол риоя шаванд, интихоби дурусти навъҳои ниҳол, замин ва нуриҳои минералӣ мебошанд. Инчунин ҳар ниҳол ба минтақаи махсус хос аст, аз ин рӯ минтақаро низ хуб ба назар гирифтан зарур аст. «Қоидаи асосӣ- ин кандани чуқурчаҳо барои ниҳол мебошад, ки чуқурӣ ва паҳноии он бояд ба на камтар аз 50-60 сантиметр канда шавад. Дар ҳолати кандани чуқурӣ бояд хокро ба се қисм ҷудо намуд-болоӣ, миёна ва охирин ва баъди ниҳолро гузоштан баръакси онро иҷро менамоем. Яъне аввал хоки қисми боло, сипас хоки миёна ва дар охир хоки қисми поёнро мегузорем. Инчунин ба хоки қисмати боло бояд 50-60 грамм нуриҳои минералӣ ҳамроҳ намоем, ки барои инкишофи ниҳол муфид мебошад»,-изҳор дошт мавсуф.

Ҳикматулло Назиров чунин мешуморад, ки баландии ниҳол на камтар аз 1,20 ё 1,30 сантиметр, ғафсии танаи он 2-3 сантиметр буда, решаи он бояд се пойчаи реша ва решачаҳои ҷаббанда дошта бошад. Инро набояд фаромӯш сохт, ки пеш аз шинонидан ниҳолро 8 соат дар ширахок нигоҳ доштан зарур аст. Ширахокро мо аз поруи ҳайвонот, нуриҳои минералӣ ва обу хок омода мекунем. Аҳамияти  ширахок он аст, ки системаи реша ва  вуҷуди онро бо об таъмин месозанд ва ниҳол тамоми ин ғизоро ба худ ҷаббида, гирифта, баъд аз шинонидани он зуд мутобиқ мегардад. Ба  замине, ки намнокии он муътадил бошад, 5 ё 6 литр об ва агар намнокӣ кам бошад, зиёда аз 10 литр об рехтанамон зарур аст.

Мутахассиси соҳаи кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров аз шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан  ва пас чанд муддат хушк шудани онҳо норозигӣ баён намуда, гуфт, ки «шинонидани ин гуна дарахтон аз ниҳолҳои мевадиҳанда фарқ дошта, кори нозук мебошад. Зимни шинонидани ин гуна ниҳолҳо бештари вақт қоидаҳои асосӣ риоя намешаванд. Дар мавриди шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз ҳаминро тавсия медиҳам, ки решаи ин гуна ниҳолҳоро бояд бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст. Зеро решаи онҳо хело нозук мебошад. Инчунин пеш аз шинонидани ин гуна дарахтон чуқурии онро на камтар аз 1 ё 1,5 метр канданамон зарур аст».

Ниҳоли дарахти ороишию сояафкан ва мевадиҳанда ва гулу буттагиҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат шинонида мешаванд, бояд ба шароити табиӣ, иқлим ва мавқеи ҷуғрофии ҳамон минтақа мутобиқ бошад. Масалан, ниҳоли дарахтон ё гулу буттагиҳое мавҷуданд, ки хушкию гармӣ –Офтобро дӯст медоранд ва баръакс, баъзе ниҳоли дарахтон дар иқлими нарму муътадил, намнокии зиёд ва сардӣ хуб нашъунамо менамоянд. Инчунин барои нашъунамои хуби ниҳоли дарахтон аз моддаҳои органикӣ, ки хеле самарабахш ҳастанд, бояд оқилона истифода намуд. Ҳамзамон истифодаи усули обмонии қатравӣ беҳтарин усул ва ба манфиат аст, зеро он то 60 фоизи талаботи ниҳолро бо об таъмин менамояд.

Парвариши хуби ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ба мавқеи ҷуғрофии ҳар минтақа вобаста аст. Масалан дар вилояти Хатлон дарахтони мевадиҳандаи донакдор, зардолу, шафтолу, олу, гелос, бодом, хурмо, анор, писта, дар минтақаҳои кӯҳистони водии Рашт, ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод парвариши дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор, ба мисли себ, нок, дар шароити табиии вилояти Суғд, ки бориш начандон зиёд аст, парвариши дарахтони донакдор, ба мисли зардолу, шафтолу, олу, олуболу афзалият дорад. Дар ноҳияҳои водии Зарафшон- Айнӣ, Панҷакент, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва инчунин Шаҳристон ниҳоли дарахтони тухмакдор- себ, нок, дар Дарвоз меваҳои субтропикӣ, ба мисли анҷир, анор, дар Ванҷ –себ, нок ва дар Рӯшону Шуғнон зардолу, чормағз ва тут хеле хуб парвариш меёбанд.

Бояд ёдовар шуд, ки 5 ноябри соли 2023 зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ дар Боғи миллӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар назди Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ фаъолият дошта, майдони парвариши ниҳол 100 гектарро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар ин ниҳолхонаҳо 45 намуди дарахтону буттаҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан ба миқдори умумии 3 миллион бех парвариш мешавад. 

Чанд сухан доир ба «Сайри гули лола»  

Гул зеботарин моли табиат буда, парвариши он аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Гул бо зебоӣ ва ҷаззобияташ инсонро мафтун менамояд. Имрӯз нафаре нест, ки ошиқи гул набошад. Гулро бештар занҳо дӯст медоранд ва кӯшиш менамоянд, ки дар хона ва  назди ҳавлияшон беҳтарин навъҳои онро парвариш кунанд.

Ҳамзамон атрофи кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғчаҳо ва боғу чаманзори навободи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамасола дар айёми баҳор то тобистон бо гулҳои гуногунранг бо санъату фарҳанги воло оро дода мешавад.

Инчунин дар мамлакат ҳамасола озмуни «Сайри гули лола» доир мешавад, ки ҳадаф аз баргузории он баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Баргузории озмун дар эҳёи анъанаҳои ниёгон, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони мамлакат ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат  менамояд.

Гули лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат мебошад. Парвариши лолаҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат падидаи беназир ва бесобиқае аст, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад. Асосан гули лола ва Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баёнгари ватани наврӯзии тоҷикон буда, рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум маҳсуб мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 24, 2024 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид