ИМРӮЗ-РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Иқтибосҳо аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик
ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 март аз нашри нахустин рӯзнома ба забони тоҷикӣ «Бухорои Шариф» 112 сол сипарӣ гардид. 11 марти соли 1912 дар Бухоро нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аз чоп баромада, дастраси хонандагон гардид. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Рӯзи матбуоти тоҷик аз соли 1994 инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад ва ин сана ҳамчун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил мешавад.
Бояд иброз намуд, ки соли 2012 дар Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар сатҳи баланд таҷлил гардид. АМИТ «Ховар» дар Рӯзи таҷлили матбуоти тоҷик аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 100-солагии мабуоти тоҷик иқтибосҳоро пешниҳоди хонандагон менамояд:
«Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо менамоянд».
***
«Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи давлатҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».
***
«Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократӣ аст».
***
«Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт».
***
«Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад».
***
«Бо забони содаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад».
***
«Аҳли қалам ва рӯзноманигорон худашон бояд дар масъалаи риояи қонун дар бораи забон, тозагии он ва рушди забони ширин ва шоиронаву шевои тоҷикӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Ба андешаи ман, ин яке аз рисолатҳои касбӣ ва қарзи шаҳрвандии рӯзноманигорон маҳсуб мешавад».
***
«Матбуоти мо ба хотири муттаҳид намудани тамоми қувваҳои солими ҷомеа, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, расидан ба ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи демократӣ, инкишоф додани иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии давлати тозаистиқлоли мо фаъолияти муассир нишон дод».
***
«Матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият дар даврони истиқлол тадриҷан рушду такомул ёфта, имрӯз ба Тоҷикистон ва мардуми он софдилона ва содиқона хизмат менамояд».
***
«Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакати мо барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, пайваста такмил дода мешаванд».
***
«Асри бистуякро асри иттилоот ном мебаранд. Имрӯз дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудоинопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст».
***
«Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат намоянд».
АКС: АМИТ «Ховар»








Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад






