Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Душанбе бо роҳбарону мутахассисони якчанд ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла «Фароб» ва «Сангоб», ки ба тармиму навсозии нақби автомобилгарди «Истиқлол машғул мебошанд, мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Ҳадаф аз мулоқот гузаронидани мушоҳидаҳои техникӣ, таҳлили ҷараёни имрӯзаи сохтмон ва татбиқи шартномаи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони нақби автомобилгарди «Истиқлол» мебошад, ки ин санад моҳи январи соли 2021 байни Тоҷикистон ва Эрон имзо шудааст.
Дар доираи навсозӣ, аз ҷумла насби низоми ҳовокашӣ, рӯшноӣ, огоҳии бармаҳал ва бехатарии сӯхтор амалӣ мегардад. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои тармиму навсозӣ дар ин иншоот ба мувофиқа расиданд. Қарор дода шуд, ки гурӯҳи корӣ фаъолияташро дар ин бобат вусъат мебахшад.
Нақби «Истиқлол» дар километри 80-уми самти шимоли Душанбе, дар роҳ ба сӯи Хуҷанд воқеъ аст. Дарозии нақб 5,2 километрро ташкил медиҳад. Нақб минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад. Сохтмони он моҳи сентябри соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Собир» оғоз шуда буд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






