Масоили тағйирёбии иқлим, амнияти экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва дипломатияи обӣ дар Ашқобод баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, амнияти экологӣ, ҳифзи муҳити зист, дипломатияи обӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ аз мавзуъҳои мубраме буданд, ки дар мулоқоти сатҳи баланди вазирони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар пойтахти Туркманистон- шаҳри Ашқобод баррасӣ гардиданд. Тоҷикистонро дар ин нишасти сатҳи баланд Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода намояндагӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ таваҷҷуҳи махсусро ба ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва қатъномаи дахлдори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ равон намуд.
Ҳамчунин Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокдоронро даъват намуд, ки дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоянд.
Баҳодур Шерализода аҳамияти ҳамкории минтақавиро дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист таъкид намуд. Иштирокдорони нишасти сатҳи баланд стратегияҳои таҳкими ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири онро муҳокима намуданд.
Дар нишасти сатҳи баланд ҳамзамон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳифзи захираҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва паст намудани сатҳи ифлосшавӣ диққати махсус дода шуд. Инчунин тадбирҳои самарабахши ҳифзи муҳити зист муҳокима ва зарурати талошҳои муштарак оид ба мубориза бо таназзули муҳити зист таъкид гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






