МОДАР АВВАЛИН МУРАББИИ БАШАРИЯТ АСТ. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Зан-Модар

Март 8, 2024 10:33

ДУШАНБЕ, 08.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Занону духтарони тоҷик барои ободию шукуфоии мамлакат бо кордонию маҳорати баланд ва маърифати сиёсӣ саҳми беандоза  мегузоранд.

Дар зер 35 иқтибосро  аз суханрониҳои  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Зан-Модар, ки сарчашмаи зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад, ҳамчун нишони рамзӣ ба пешвози ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Занон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд.

***

Ба шарофати Модар ҳаёт дар рӯи Замин бардавому пойдор аст ва маҳз ӯ олитарин муқаддасоти башарӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои ҳар яки мо симои аз ҳама маҳбубу меҳрубон ва нотакрору ҷовидона Модар аст.

***

Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлат ба шумор меравад.

***

Дили тавонои Модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодагону дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато менамояд.

***

Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

***

Мо вазифадорем, ки қадру манзалати занону модаронро ба таври шоиста ба ҷо орем ва дар хотир дошта бошем, ки сарчашмаи бузургии кулли бузургони ҷаҳон Модар аст.

***

Ба қадри шири поки Модар нарасидан, заҳмати бедорхобиҳои ӯро фаромӯш кардан, ба падару модар ситам намудан ва дар пириву дармондагӣ ба қадри ранҷу азоби онҳо нарасидан бузургтарин гуноҳ аст.

***

Мо дар симои занону духтарони азиз олиҳаи бахту саодат ва зебоиро мебинем. Онҳо бо меҳру вафояшон шуълаи ишқу умедро абадӣ гардонида, эҳсоси инсониро дурахши пурҷило мебахшанд.

  ***

Дуруд ва ҳамду сано ба Модар – фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар дар рӯи Замин!

***

Сано ба модар —  олиҳаи меҳру шафқат, раҳнамову раҳбар ва азизи ҳар хонадон!

  ***

Мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем.

  ***

Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, мехоҳад бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.

***

Занону модарони азиз ҳамчун неруи равшанибахши хонадон, мураббии нахустини фарзандон ва нигаҳдорандаи сафои зиндагӣ хеле корҳои шоистаро ба анҷом расонида, ҳамеша барои ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани оила саъю талош менамоянд.

***

Модарону занони арҷманди мо  суннатҳои деринаи миллиамонро идомаи нек бахшида, дар амри ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи мамлакатамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши пурарзиш мегузоранд.

***

Занону модарони мо бо дастони пурмеҳрашон ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.

***

Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад.

***

Модарон ҳамчун чароғи хонадон барои тарбияи фарзанд масъул мебошанд ва танҳо бо меҳру муҳаббат ва сухани нарми онҳо фарзандон дуруст ба камол расида, обрӯи оиларо дар байни хешу табор, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд мебардоранд.

***

Зан-Модар посдори забони миллӣ низ мебошад. Беҳуда халқ забони давлатиро забони модарӣ намегӯяд.

***

Аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан-Модар ташкил медиҳад.

***

Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон   мо — фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону занон арҷ гузорем ва қарзи фарзандиамонро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем.

***

Зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам дар сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад.

***

Барои ҳар инсон зан, пеш аз ҳама, Модар аст ва бузургии ӯ бар пояи рисолати муқаддаси ҳаётбахшаш бунёд шудааст.

***

Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои Модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ менамояд.

***

Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба Модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз Модар аст ва ӯ ситораи дурахшоне аст, ки бо нерумандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар зиндагӣ равшан месозад.

***

Ҳама эъҷозу парвозҳо, эҷоду бунёдҳо ва мардонагиву қаҳрамониҳо самараи заҳмати шабонарӯзии модарон аст.

***

Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накӯтарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад.

***

Бесабаб нест, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии Модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

***

Дар осори бузургони ҷаҳон нақши зан — модари диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хосса дорад.

***

Муносибати самимона нисбат ба занону духтарон рисолати орому осуда ва солим нигоҳ доштани оиларо таҳким мебахшад ва устувории оила, дар навбати худ, суботи ҷомеаро таъмин намуда, қудратмандии давлатро тақвият мебахшад.

***

Инкишофи маънавӣ ва тарбияи ахлоқии фарзанд, қабл аз ҳама, ба нақши Модар вобастагӣ дорад, зеро дар хона маҳз модар эҳсоси меҳрубониву ҳамдардӣ, ҳамдиливу ғамхорӣ, муҳаббат ба наздикон, сабру таҳаммул ва тартибу низоми хонаводаро фароҳам оварда, ба фарзандонаш расму таомули оилавиро меомӯзонад.

***

Мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати Модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар халқу миллат мебошад.

***

Модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад.

***

Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун Модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.

***

Занону модарони тоҷик давоми таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят будаанд.

***

Бузургони илму адаб занро шоҳкори табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Бешак, сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург Зан -Модар мебошад.

Март 8, 2024 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода