Модар фариштаи ҷашни Наврӯз, рамзи розҳо ва ҳикмати бузургтарини ҳастии инсон аст

Март 9, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мамлакатҳои дӯсти мо дар замони соҳибистиқлолӣ бо қарори Ассамблеяи  Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Наврӯз акнун фарогири миллату халқиятҳои ҷаҳон гардида, тавони поксозии зоҳиру ботини оламу одамро талқин намуда, ба инсоният рӯзи нав, паём ва иқболи нав меорад.

Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳори андеша намудаанд: «Моро  зарур аст, ки баъзе суннатҳои наврӯзиро барои беҳбуди ҳаёти имрӯзаамон истифода барем, аз ҷумла,  ҳар сол вақте, ки  дар яке аз мамлакатҳои мо ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад, дар он ҷо дастовардҳои муҳими илмӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли инро ба маърази намоиши якдигар гузорем, то бад- ин восита мо ба ҳам қарин гардем. Яке аз ҳадафҳои волои наврӯзӣ ба ҳам наздик шудан ва падид овардани меҳру муҳаббат байни мардумони гуногун аст».

Дар воқеъ, Наврӯз равшангари руҳи инсон ва модари ҳама ҷашну анъанаҳои ниёгони мо мебошад, ки модарон ба он  муносибати хосса доранд. Хусусан дар  замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон, ки мақому мартабаи Зан-Модар ҷойгоҳи махсус дорад, ваколату масъулияти он дар назди миллату давлат дучанд меафзояд.

Бояд гуфт, ки дар ҳама паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ моҳи апрели соли 2014  таъкид намуда буданд, ки  «Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон, фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва ҷавонгардонии синни ҳайати кадрҳои роҳбарикунандаи мақоми давлатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад. Дар байни аъзои Ҳукумат имрӯз занон ду баробар зиёд гардида, дар мақомоти олии намояндагии ҷумҳурӣ 11 нафар зан фаъолият дорад. Аз 18 300 хизматчии давлатӣ, ки дар мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо фаъолият менамоянд, 4315 нафар ё 24 дарсадро занҳо ташкил медиҳанд».

Ин  ҳидоятҳо нишони он мебошанд, ки нақшу мақоми зани тоҷик дар ташаккул ва рушди идоракунӣ сол то сол меафзояд. Яъне сафи занону ҷавондухтарон дар соҳаҳои мухталифи идоракунии давлатӣ зиёд мегардад, ки ин ҳама бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар баробари ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ низ имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад, ки  дар Паёми соли 2023  ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидааст. Дар ташвиқи он низ модарон–омӯзгорони мамлакат мавқеи хосса доранд. Дар ин росто ҷалб намудани занҳо ба корҳои идоракунии давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо квотаи президентӣ барои ба донишгоҳҳои олӣ дохил намудани духтарон падидаи хоссаи давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

Маълум аст, ки давоми таърихи башарият Модар ҳамчун фариштаи баҳору зиндагӣ мавҷудияти арзишҳои миллии моро ҳифз намуда, ба дигар ҷашну суннатҳои миллӣ  рангу  бӯи тоза бахшидааст. Ин аст, ки нақш ва мақоми модарон дар тамоми ҷашнҳои мубораки миллӣ шукуҳу шаҳомати баланду боло дорад.

Мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ- Наврӯз қарор дорем.

Модарон ба пешвози ҷашни пуршукуҳи Наврӯз аз қадимулайём то ҳанӯз ба поксозии хонаву дар ва тайёр намудани сарулибос, хусусан рӯймолу тоқиҳои рангоранг ва хӯрокҳои идона машғул мешаванд, ки дар воқеъ онҳо нигаҳбони шукуҳу шаҳомати Наврӯз ҳастанд. Мавриди таваҷҷуҳ аст, ки модарон барандаи сиришти ахлоқӣ, орзую ормон ва бахти сафеди фарзандон мебошанд. Онҳо ҳамеша Наврӯзро ҳамчун бедории табиат, айёми накҳати гул, такягоҳи худшиносӣ ва таҳаммулпазирии тоҷикӣ таҷассум менамоянд.

Барои мо Модар фариштаи ҷашни Наврӯз,  рамзи розҳо ва ҳикмати бузургтарини ҳастии инсон аст, ки дар эҳёи арзишҳои наврӯзӣ ҳамеша армуғони тоза меорад.

 

Гулчеҳра ҲОҶИМАТОВА,
профессори факултети забон ва адабиёти
руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
,
доктори илмҳои педагогӣ

АКС:АМИТ «Ховар»

Март 9, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид