Наврӯз ба унвони аввалин рӯзи офариниши табиат ёдгор аз таърихи куҳани мардуми тоҷик аст

Март 27, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Наврӯзи хуҷаста» ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи ҳисоб.

Аз ҷониби занони ҳунарманду соҳибистеъдод дастархони ҷашнӣ тибқи расму оини миллӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунару анъанаҳои ниёгонамон ороста шуд.

Раиси Палатаи ҳисоби Қарахон Чиллазода иброз дошт, ки «маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба ин рӯзҳои нек расидем, ҷашнҳои миллии мо аз нав эҳё гардида, ҷашни Наврӯз  мақоми байналмилалӣ пайдо намуд».

Гуфта шуд, ки ин ҷашни фархунда дар замони Истиқлоли давлатӣ чун унсури ҳувиятсоз дар бедорӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносии ҷомеа нақши муассир дорад. Наврӯз аз шукуҳмандтарин ҷашнҳои миллӣ аст, ки бо фаро расиданаш фазои рӯзгори мардуми фарҳангпарвари мо пур аз шодмонию сурур мегардад. Наврӯз ба унвони аввалин рӯзи офариниши табиат ёдгоре аз таърихи куҳани мардуми тоҷик  маҳсуб мешавад.

Ин ҷашни бостон дар рӯзгори мо, пеш аз ҳама, рамзи бақои зиндагӣ, зебоӣ ва ҷавонии оламу одам аст.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд