Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо барномаи рангини ҳунарӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи байналмилалӣ, ки яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон аст, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили гӯшаи наврӯзӣ ва барномаи рангини ҳунарию фарҳангӣ истиқбол гирифта шуд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз — иди аҷдодӣ, баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат шодбош гуфт. Гуфта шуд, ки таърихи ҷашни Наврӯз аз қаъри ҳазорсолаҳо
сарчашма мегирад ва бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад. Тоҷикистон яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз маҳсуб шуда, бо ибтикору пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бошукуҳ мақоми байналмилалӣ касб намуда, дар ҷаҳон бо риояи суннатҳои неки наврӯзӣ ҳамасола таҷлил мегардад, ки ин мояи ифтихори мо, тоҷикон мебошад.
Таъкид шуд, ки бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар байни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.
Дар гӯшаи наврӯзӣ осори ҳунарҳои мардумӣ, асбобу ускунаи чӯбин, бардевориҳои зардӯзиву гулдӯзӣ ва қуроқӣ, кафшу пероҳанҳои қадимаи тоҷикӣ ва дигар ашёе, ки нишони ҳунармандию чирадастии тоҷикон мебошанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамчунин байни кормандони Хадамоти гумрук бозиҳои варзишӣ аз намудҳои шоҳмот, шашка, нардӣ, тенниси рӯи миз, бандкашӣ ва вазнбардорӣ баргузор гардида, ғолибон аз ҷониби сардори Хадамоти гумрук бо Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






