НАВРӮЗ ЭҲЁИ АНЪАНАҲОИ ЗЕБОИПАРАСТӢ. Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд

Март 25, 2024 16:38

ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ.

Дар базми Наврӯзӣ кормандон бо ороиши дастархони идонаи «ҳафт син», «ҳафт шин» ва арҷгузориву эҳёи анъанаҳои миллӣ гӯшаҳои махсус, аз ҷумла намоиши либосҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои наврӯзӣ ташкил намуданд.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукӯҳ таъкид намуданд: «Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад».

Дар тантанаҳои наврӯзӣ Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ёдовар шуд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз аз замони қадимтарин то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.

Дар қисмати фарҳангии ҷамъомад сурудҳо дар васфи Тоҷикистон ва баҳору Наврӯз хотири иштирокдоронро шод гардонид.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 25, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Арабистони Саудӣ Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Женева ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил шуд
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПЕШВОИ НАВРӮЗ». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷашни Наврӯз истиқбол гирифта шуд
Тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза истиқбол мегирифтанд
Ҳамоиши наврӯзии «Корвони шодӣ» ба мардум шодиву нишоти беандоза бахшид
Дар Истаравшан ҷашни Наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҷлил гардид
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
Дар Кумитаи телевизион ва радио ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи расму оинҳои хосса таҷлил гардид
Дар Суғд мусобиқаи пойга ва бузкашӣ баргузор шуд