НАВРӮЗ ВА БОЗИҲОИ МИЛЛӢ. Он ба тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон мусоидат менамояд

Март 22, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шаҳомату ҷалоли бештар мегирад. Яке аз фазилатҳои барҷастаи таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузург мебошад. Бо ин мақсад ҳамасола барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сар то сари мамлакат чорабиниҳои гуногун, аз қабили бозиҳои миллии варзишӣ доир мегарданд. АМИТ «Ховар» якчанд бозии миллии варзиширо шарҳ медиҳад:

Бозиҳои миллии варзишии мардуми тоҷик гуногун буда, асосан бо ҷамъи мардум барпо мегарданд. Аз ҷумла, камонварӣ, тезхӯрак, чормағзбозӣ, гӯштини миллӣ, гӯштингирӣ, тухмҷангак, шамшербозӣ, астарбозӣ, лаклакбозӣ, фалахмон, хурӯсҷанг, кабкҷанг, пиёдакашак, чавгонбозӣ, миру вазир, буҷулбозӣ ва дигар бозиҳо, ки дар ҷашни Наврӯз мардумро сарҷамъ менамоянд.

Гӯштини миллӣ

Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар байни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Гӯштингирӣ ё гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта, қувваозмоӣ кардан) бармеояд.


Дар айёми Наврӯз мусобиқаи маъмултарин гӯштингирӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамаи деҳаю шаҳрак ва шаҳрҳои калон мусобиқоти наврӯзии гӯштингирӣ баргузор мегарданд. Тибқи қоида, паҳлавонони саросари ҷумҳурӣ ба Наврӯз омодагӣ мегиранд, дар маъракаи наврӯзӣ қаҳрамон шудан маънии бузург дорад ва то Наврӯзи оянда номи паҳлавони пирӯз вирди забонҳо боқӣ мемонад.

Лаклакбозӣ, бодпарак

Бодпарак навъи бозие аст, ки аз ашёи чоркунҷа ё аниқтараш аз фанер (тахтаи нафис) ва шохаҳои най сохта мешавад.

Парвози он хеле баланд буда, ҳатто дар нуқтаи авҷаш ба чашми одӣ ноаён мегардад ва таҳти таъсири бод як садои баланди дилнавозе сар медиҳад.

Лаклак шакли секунҷа дорад ва дар сохтани он аз коғазу пластик истифода мебаранд.

Дар ресмони лаклаки асосӣ боз чанд лаклаки дигарро ҳамроҳ менамоянд ва вақте ки онро ба ҳаво сар медиҳанд, гумон мекунӣ, ки селаи турнаҳо ба парвоз даромадаанду бо худ Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро меоваранд.

Чавгонбозӣ

Яке аз бозиҳои қадимии тоҷикон- ин чавгонбозӣ мебошад, ки навъе аз  варзиши қадимаи ориёиҳо аст. Дар аввал чавгонбозӣ бо асп доир шуда, варзишгарон савори асп ба майдон мебаромаданд ва ин намуди варзиш хоси шоҳон ва шоҳзодагон буд.

Баъдтар ин бозӣ дар рӯи хок ва дар рӯи майса низ гузаронида мешуд. Ин намуди варзиш бештар дар идҳои Наврӯз, Меҳргон ва ҷашнҳои арӯсиву хатнасур зуд-зуд баргузор мешуд.


Бозӣ аслан дар мамлакати мо пайдо шуда, бозии миллии тоҷикон маҳсуб мешавад. Муҳаққиқ Абрамов соли 1955 дар китоби худ “Чавгон” мегӯяд, ки он бозии миллии тоҷикон аст. Аммо баъди инқилоб ин бозӣ танҳо дар Помир боқӣ монду халос.

Аспдавонӣ

 Мусобиқаи аспдавонӣ ба масофаҳои гуногун бозии миллӣ аст, ки дар он қувват ва давандии аспро месанҷанд. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон пойга аз қадимулайём маълум ва машҳур аст. Чобуксавороне, ки дар пойга иштирок менамоянд, бо ишора ба сӯи марра асп медавонанд. Ғолибон мукофотонида мешаванд. Пойга асосан дар рӯзҳои ид ва тӯй, дар ҷойҳои ҳамвор гузаронида мешавад, дар теппа ва бораҳои атроф хайма ва чодарҳои рангоранг зада, таомҳои ҳархела мепазанд. Дар пойга асосан ҷавононе иштирок менамоянд, ки аз хурдсолӣ аспсаворӣ омӯхтаанд.


Пойга чанд хел мешавад:

Пойгаи ҳамворӣ, ки дар ҷойҳои ҳамвор, дар пайраҳаҳои ипподром ба масофаи 1000 — 4000 метр гузаронида мешавад;

Пойгаи маҳдуд аз рӯи қоида дар пайраҳаҳое, ки саддҳои осонгузар доранд, ба масофаи 2000 — 3000 метр; дар пайраҳаҳое, ки садҳои мушкилгузар доранд, ба масофаи 4000-7000 метр доир мешавад;

Пойга-кроссҳо дар ҷойҳои пасту баланд ба масофаи 3000-8000 метр ва ишораи аспакӣ (шикор бо саг) ба масофаи то 35 км гузаронида мешаванд.

Камонварӣ

Асбоби асосии ин навъи варзиш ка­мон мебошад, ки онро аз чӯби хамидаи абрӯшакл ва зеҳ месозанд. Чӯби хамидаро аз дарахтони зарбед, бед, санҷид ё газ сохта, ду нӯги онро бо устухон ё филизоти ранга оро медоданд. Зеҳи камонро аз ресмони абрешим ё рӯдаи ҳайвонҳои хонагӣ месохтанд.

Дар байни тоҷикон ду намуди камонварӣ маъмул буд: камонварии пиё­да ва камонварии савора. Шахсоне, ки ба камонварии пиёда маш­ғул буданд, аз камони бузургтар истифода бурда, ҳан­гоми тирандозӣ зонуи худро ба замин такя дода, тирро ба нишон мерасониданд. Тири камонварони пиёда дарозтар буд.

Камонварони моҳир аз масофаи 200 қадам ба ҳадафе, ки баробари чашми гов буд, бехато тирро мерасониданд. Камони саворагон хурдтар ва сабуктар буд. Он­ҳо камондони махсус доштанд, ки онро дар зи­ни асп овехта, дар он тиру камонро нигоҳ медоштанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 22, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Дар Арабистони Саудӣ Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд