НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ: АЗ ҶАШНИ МИЛЛӢ ТО БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Наврӯз ҷашни бостонӣ ва покию садоқат аст
ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи пурғановати миллати мо замина ва сарчашмаи пешрафти давлати тозаистиқлоламон ба ҳисоб меравад, зеро муаррифи миллат ва пояи давлатдорӣ аст. Хушбахтона, дар мамлакат баҳри таҳқиқу омӯзиш ва ғанӣ гардонидани заминаи таърихӣ, нигоҳ доштани мероси ниёгон, урфу одат, расму ойини миллӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориҳои беназир зоҳир мешаванд ва мардуми шарифи мо низ сазоворона аз афзалияти зеҳнияш доир ба таърих дар байни дигар халқу миллатҳо васеъ истифода мебарад ва ифтихор менамояд.
Бахусус дар бобати эҳё ва густариши ҷашнҳои аҷдодӣ дар даврони соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон ташаббусҳои беназир анҷом дода шуданд. Бояд гуфт, ки дар таърихи инсоният ҷашну маросим, идҳо ва анъанаҳои махсус моҳияти бузурги маънавию фарҳангӣ доранд. Бад-ин минвол дар ҷаҳон ба ҳар гурӯҳи этникӣ ид ё ҷашни алоҳидае хос мебошад, ки бо ҷузъиёти ҷудогонаи ба табиат, ҳаёт, воқеият мансуб буданаш дар ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангӣ ё умуман рӯзгори мардум моҳияти ҷиддӣ касб намудаанд. Мардум бо нигоҳ доштани анъанаҳо, қоидаю тартиби ҷашнгирии ин ё он иди бузург ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Иди Наврӯз-ҷашни аҷдодии мардуми ориётабори Осиёи Марказӣ мебошад, ки таърихи дароз ва хусусуяти ба худ хос дорад, зеро ин ҷашн дар тамаддуни мардуми мо саҳми беназир дошта, ҷузъиёти фарҳангии моро асрҳо, ҳазорсолаҳо нигоҳ дошта ва асолати миллии моро муаррифӣ намудааст. Ҷашни Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар ин давраи дарози таърихӣ ҷашни Наврӯз минтақаҳои мухталифу халқҳои зиёдеро фарогир шуда, анъанаҳои ҷашнии он тағйир ёфтаанд, вале муҳтавои асосии он то ба имрӯз бетағйир мондааст.
Дар ҷаҳони муосир Наврӯз расман ҳамасола 20 ё 21 март таҷлил мегардад. Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия, Гурҷистон, Албания, Федератсияи Русия, Чин ва Ҳиндустон Иди Наврӯз расман таҷлил мегардад.
Дар айёми ташаккули давлатдории соҳибистиқлоли миллии мо дар оғози садаи ХХI ба эҳё ва пешрафти ойинҳои аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни ориёӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Дар ин самт саҳм ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Яке аз нишона ва аломатҳои эҳё ва рушди фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ- ин бо тамоми шукуҳу шаҳомот ҷашн гирифтани иди Наврӯз мебошад.
Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз ба Феҳристи намоишии мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд. Дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълом шуд.
Тибқи маълумоти мавҷуда, даҳ мамлакати ҷаҳон Наврӯзро ба расмият шинохтанд ва дар ҳудуди бархе аз давлатҳои дигар маросими наврӯзӣ баргузор мешавад.
Наврӯз ҳамчун ҷашни аслии табиат, гардиши доиравии он, тағйирёбии замон ва фазо, фаслҳои сол, бедоршавии табиат, давраи нави ҳаёт дар рӯйи Замин, баробаршавии замони рӯзу шаб дониста мешавад. Он дар асоси ҳисобҳои саҳеҳи илми қадимтарини барои инсоният маълум – нуҷум (ситорашиносӣ, астрология ва астрономия) таҳқиқу муайян карда шудааст. Тибқи ҳисоби илми ситорашиносӣ, маҳз дар оғози Наврӯз Хуршед ба бурҷи ҳамал медарояд. Ин ҳодисаро оғози ба ҳаракат даромадани коинот арзёбӣ менамоянд. Инсон дар маркази олам қарор дорад ва ӯро зарур аст, ки муҳити атрофро саҳеҳ дарк кунаду ба ҳаводиси табиат ва воқеаҳо назари воқеӣ ҳосил намояд. Масалан, ивазшавии шабу рӯз, пайдарҳам иваз шудани фаслҳои сол, мадду ҷазр, бориш, ҳарорати ҳаво, ҳодисаҳои дигари коинот доимӣ дар мадди назари инсон қарор гирифтаанд. Дар таърих маълум аст, ки шоҳон ва ҳокимони давлатҳо ва империяҳои муқтадири манотиқи мухталифи ҷаҳон ҳамеша дар аҳди ҳукмрониашон кӯшиши тартиб ва тасдиқ намудани тақвими хеш, яъне шумори солро ҷорӣ намоянд ва Наврӯз низ ба ҳамин тавъам мебошад. Аз ин рӯ, илми муосир низ Наврӯзро бо тамоми хусусияташ таҳлилу баррасӣ намуда, бо тамоми асолаташ эътироф намудааст.
Дар ҳаракати вазъи Замин таъсири майли меҳварӣ боиси тағйири тулуъу ғуруби Офтоб мегардад. Яъне танҳо дар ду рӯзи сол – аввали моҳи фарвардин баробари 21-22 март ва аввали меҳрмоҳ баробар ба 22 сентябр Офтоб дақиқан аз Шарқ тулуъ ва дар Ғарб ғуруб менамояд.
Моҳияти мантиқию фалсафии таҷлили Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат дониста мешавад ва чандин ҳазорсолаҳо барои ориётаборон ба сифати омили асосии бунёдии ваҳдатофарӣ ва ҳамзистию муттаҳидкунандаи мардум хизмат намудааст. Наврӯз дар ҳақиқат пайвандгари наслҳо ва мардумони мухталифи мулкҳои ҳамҷавор мебошад, зеро он бе ягон маҷбуркунӣ ё фишороварӣ ба дилу дидаи мардумон ҷой мегирад, ки хусусияти табиӣ будани онро боз ҳам равшантар менамояд.
Ҷашнгирии Наврӯз бо баробаршавии шабу рӯз алоқаманд буда, оғози солро дар солшумории шамсӣ маънидод менамояд, ки онро халқҳои ориётабори Осиёи Марказӣ ва Эрони Бостон кашф намудаанд. Ин баробарӣ ба 20-21 март (фасли баҳор) рост меояд.
Ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳо ва мақолоту асарҳои мухталифи муҳаққиқон, шоирон ва нависандагон ва инчунин дар забони мардумон бо номҳои гуногун хотирнишон мешавад. Аз ҷумла, иди Наврӯз, иди соли нав, иди сари сол, ҷашни фарвардин, ҷашни баҳор, ҷашни баҳорӣ, Наврӯзи ҷамшедӣ, Наврӯзи султонӣ ва Наврӯзи ҷалолӣ. Он дар таърихи башарият муҳимтарин ва дерпойтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ ба шумор меравад.
Ба мафҳуму номи иди Наврӯз таваҷҷуҳ карда, муҳаққиқону коршиносон онро чунин маънидод менамоянд: рӯзи нав, рӯзи нахустини соли нав, рӯзи баробарии қисми равшаниву торикии шабонарӯзии баҳорӣ, рӯзи расидани Офтоб ба нуқтаи аввали моҳи Ҳамал офариниши олам, рӯзи офариниши нур, рӯзи додгарӣ ва адолат, рӯзи аз нав таваллуд шудани тамоми мавҷудот, рӯзи поку беолоишу покиза гардидани одамон ва ҷисму рӯҳи онҳо аз нуқсу гуноҳҳо, рӯзи кумаки ниёзмандон ва нодорон, рӯзи хайру саховат, рӯзи дуркунандаи кинаҳо аз синаҳо, рӯзи аз ҷониби кӯдакон ташкил намудани бозиҳои гуногун, рӯзи пухтани хӯришҳо ва таомҳои наврӯзӣ, рӯзи сайру саёҳат, рӯзи аз ҷониби мардум ташкил ва гузаронидани навъҳои гуногуни варзиш, рӯзи пухтан ва тақсим кардани суманак, рӯзи лутфу меҳрубониҳо, рӯзи саодат ва баракат ва амсоли инҳо.
Наврӯзро ҷашни ҷашнҳо, ҷашни куҳану бостонӣ ва бузургу фаррухи ориёиҳо, бедории табиат ва зебоӣ, корҳои кишоварзию деҳқонӣ, паёмовари ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, ҷашни инсонпарварона, беиртибот ба дине, мазҳабе, мафкурае, ҷашни ҷаҳонӣ, умумимиллӣ ва умумибашарӣ меноманд.
Аз ин рӯ, дар замони Истиқлоли давлатӣ дар заминаи эҳё ва инкишоф додани анъана ва маросими аҷдодию миллӣ ба Наврӯз таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Дар гӯшаву канори мамлакат бо расму оинҳои хос Наврӯзро ҷашн мегиранд ва он усулҳои пешиниёни таҷлили ин ҷашнро, ки фаромӯш нашудаанд, бо шукуҳу шаҳомати махсус риоя менамоянд. Яъне ба ҷашни Наврӯз ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо эҳтироми хосса ва деринтизорӣ назар менамоянд, онро арҷ мегузоранд ва ид мекунанд.
Карамалишо КАРАМАЛИШОЕВ,
ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»