Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»

Март 26, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ», ки дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён намуданд.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки халқу миллатҳои зиёди дунё ин ҷашнро қабул намуда, онро бо анъанаҳои хоссаи худ таҷлил мекунанд. Яъне Наврӯз ба як омили муҳимтарини паҳншавии фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар олам табдил ёфтааст.

Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон, Наврӯз – рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рӯзи меҳрубониву хушбахтӣ, рӯзи таваллуди дубораи табиату инсонҳо, поёни сардиҳо ва оғози фаровонӣ мебошад.

Бо дахли суннатҳои наврӯзӣ,  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки маросиму ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонасафедкунӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, навозиши сари ятимону бепарасторон ва дигар амалҳои хайр аз суннатҳои неки наврӯзӣ буда, аксари онҳо то имрӯз дар Тоҷикистон ба таври васеъ роиҷанд. Инчунин ташкилу баргузории ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла аспдавонӣ, гӯштигирӣ, инчунин, шеърхонӣ, ба бар кардани либосҳои миллӣ ва намоиши онҳо, омода намудани таомҳои миллӣ аз гиёҳу растаниҳои баҳорӣ аз ойинҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро дар рӯзҳои наврӯзӣ бо шавқу завқи зиёд анҷом медиҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 26, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн