Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»

Март 22, 2024 09:38

ДУШАНБЕ, 22.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон дар Паёми шодбошиашон ба ифтихори Наврӯзи 2024 аз мураккабу ноором гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон давоми солҳои охир изҳори нигаронӣ намуда, баён доштанд, ки тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, инчунин паҳн шудани бемориҳои сироятӣ боис гардидааст, то таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ торафт мушкил гардад.

Ба иттилои Сарвари давлат, дар мамлакати мо низ камобӣ идома дошта, бориши барфу борон нисбат ба соли гузашта 70 фоиз кам мебошад. «Бинобар ин, мо бояд аз тамоми захираву имконияти мавҷуда, табиату иқлими мусоиди мамлакат ва махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ оқилонаву самаранок истифода барем»,-иброз доштанд Президенти мамлакат.

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар оила ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 22, 2024 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
Дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд