Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»

Март 19, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 19.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) зимни иҷлосияи 77-уми худ иқдоми навбатии Президенти Тоҷикистонро бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта, Қатънома оид ба эълони  «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул кард.  Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА суҳбат намуд, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

— АМИТ «Ховар»: Қабули Қатънома оид ба эълони «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»  як руйдоди таърихӣ на танҳо барои Тоҷикистону минтақа, балки дар маҷмуъ ба нафъи башарият мебошад. Дар ин хусус чӣ андеша доред?

— Баҳодур Шерализода: Ҳануз се сол муқаддам,  3 марти соли 2021  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас баргузор гардида буд, иштирок ва  суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати  мо иброз доштанд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Президенти  Тоҷикистон   таъкид намуданд, ки «агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона ба зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб баробар шуда бошад, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Мутаассифона, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст. Ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад».

Бояд гуфт, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки обшавии пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, тӯли 70-80 соли охир зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст.  Дар ин робита  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад ва Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Хушбахтона, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ иқдоми навбатии Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  пазируфта, қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул кард.

Ҳамин тавр,  санаи 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди СММ таъсис ёфтани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе мавриди таваҷҷуҳи ҷемеаи ҷаҳон қарор гирифт. Қатъномаи қабулгардида аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор дар бар гирифааст. Пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми мамлакатҳои сайёра ба шумор рафта, нақши онҳо дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ зиёд аст. Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид  намуданд, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад.  21-уми март пешбинӣ гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ ба ҳифз, нигоҳдошт ва аҳаммияти муҳим доштани пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун манбаи обии сайёраи замин равона гардидааст. Аз ин ҷиҳат Қатъномаи мазкурро метавон таърихӣ номид.

— АМИТ «Ховар»: Соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.  Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани  он  чӣ нақшаҳо таҳрезӣ  гардидаанд?

— Баҳодур Шерализода: Дар чаҳорчӯби ин Конфронс Стратегия, Харитаи роҳ ва дигар санадҳои лозимаи байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ таҳия гардида, тасдиқ хоҳанд шуд.

Қадами аввал дар роҳи татбиқи қатъномаи нави СММ зимни баргузории чорабинии канорӣ таҳти унвони   «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки  23 марти соли 2023  дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Мутаҳидаи Амрико доир гардида буд,  гузошта шуда, дар он шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалӣ,  аз ҷумла  – ЮНЕСКО, Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Бонки ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намуданд. Муколамаву мубоҳисаҳои судманд дар доираи ин чорабинӣ ба муайян сохтани диди ягона ва таҳияи харитаи роҳ барои соли 2025 мусоидат намуда, барои таҳияи уҳдадории муштараки ҷонибҳо оид ба мавзӯъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиби Тоҷикистон дар натиҷаҳои ин Конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.

Ҷумҳурии  Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаи худро барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ҳамоиши байналмилалӣ иброз намуда, аз кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро  ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт даъват намуд. Мо бар ин назарем, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳо ва ҷонибҳои манфиатдор «Харитаи роҳ барои соли 2025»-ро  таҳия намуда, раванди омодагиро ба Соли 2025 ва Конфронси  мазкур  фарогиру натиҷаовар намоем. Зеро таҷрибаву зарфиятҳои ЮНЕСКО ва Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ки тибқи қатънома барои анҷоми тадорукоти Соли ҳифзи пиряхҳо муваззаф гаштаанд, ба татбиқи самараноки ҳадафҳои он мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.

— АМИТ «Ховар»: Ҳамкорӣ бо шарикон оид ба татбиқи қатъномаи мазкур дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Баҳодур Шерализода: Аз нигоҳи мо, Бонки ҷаҳонӣ, Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ), Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи табиат, Эътилофи обу иқлим ва дигар шарикон, ҳамчунин, метавонанд дар муваффақ гаштани ин ташаббус саҳми муносиб гузоранд. Албатта, платформаи «Раванди оби Душанбе» барои пешбурди муколамаву мубоҳисаҳо дар ин самт замина ва шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард. Талошҳои якҷояи Тоҷикистон дар ин самт самараи дилхоҳ хоҳанд дод ва соли 2025 дар Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар ҳаллу фасли ин масъалаи муҳим метавонем таҳаввулоти ҷиддиро амалӣ намоем.

Ёдовар мешавем, ки  Тоҷикистон дар қатори дигар аъзои СММ дар сатҳи ҷаҳонӣ,  воқеан ҳам яке аз давлатҳои ташаббускори иқдомҳои беназир оид ба истифодаи оқилона ва идоракунии самараноки захираҳои об боқӣ монда, таҳиягари асосии панҷ ташаббуси ҷаҳонии об мебошад, аз ҷумла:

  1. Эълони гардидани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», Қатъномаи Иҷлосияи 55-уми Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри 2000, № 55/196;
  2. Эълони солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», Қатъномаи Иҷлосияи 58-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 23 декабри соли 2003, № 58/217;
  3. Эълони соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» , Қатъномаи иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 20 декабри соли 2010, №65/154;
  4. Эълон гардидани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Қатъномаи Иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 21 декабри соли 2016, №A/RES/71/222.
  5. Қарори иҷлосияи 77-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали

Муттаҳид аз 14 декабри соли 2022 дар бораи: — эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

-эълон намудани  «21 март — Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

-таъсиси Фонди байналмилалии эътимод дар назди СММ барои

мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо;

— соли 2025 баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

— АМИТ «Ховар»: Кумита дар амалисозии қатъномаи мазкур чӣ нақш мегузорад?

— Баҳодур Шерализода: Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо пешниҳоди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо замимаи ҳайати Кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳо аз 31 августи соли 2023, №407 тасдиқ гашт.

Ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори мазкур 13-14 ноябри соли 2023 дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе  Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Мушкилоти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим: вазъият, тадқиқот, ташаббусҳои глобалӣ» дар бинои Китобхонаи миллӣ баргузор гашт, ки дар он масъалаҳои раванди обшавии босуръати пиряхҳои минтақа ва рушди ҳамкории минбаъда баррасӣ гардиданд.

Инчунин бо иштироки коршиносони Институти метеорологии Финландия (FMI) дар пиряхи «ГГП»–и ҳавзаи дарёи Зарафшон корҳои экспедитсионӣ ва тадқиқотӣ гузаронида шуд ва аз ҷониби ташкилоти мазкур таҷҳизот ва лавозимоти махсус оид ба гузаронидани мониторинги пиряхҳо ба Агении обуҳавошиносии Кумита дастрас гардиданд.

Бояд гуфт, ки зимни  баргузории Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон элон намуданд, ки Тоҷикистон саҳми аввалини молиявии худро ба ин Фонди мақсаднок мегузорад. Аз ин лиҳоз, мо умед дорем, ки дигар созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд низ дар ин Фонд ҳиссагузор хоҳанд буд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» соли 2023 ҷиҳати муайян намудани захираи барф аз ҷониби мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумита мушоҳидаҳои аэровизуалӣ  2 апрел ва 30  июни соли 2023 дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб ва минтақаи Канаски ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, инчунин 26 сентябри соли 2023 дар ҳавзаи дарёи Зарафшон гузаронида шуданд.

Муайян шуд, ки сарҳади қабати барфпӯш 1800-2600 метр аз сатҳи баҳрро ташкил дода, захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои мазкур 98%-и меъёри бисёрсоларо ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта 3% зиёд мебошад. Инчунин, моҳҳои январ, феврал ва март дар минтақаҳои Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Такоби ноҳияи Варзоб, дар ҳавзаи дарёи Саратоғи ноҳияи Айнӣ, ҳавзаи дарёи Камароби ноҳияи Рашт, ҳавзаи дарёи Ёхсуи ноҳияи Муъминобод, ҳавзаи дарёи Обихингоби ноҳияи Сангвор, ҳавзаи дарёҳои Ванҷоб ва Ғунди ВМКБ корҳои барфченкунӣ бо усули пиёда ба анҷом расонида шуданд.  Дар ин доира мутахассисони соҳавӣ дар рафти таҳлили маълумотҳои метеорологӣ ва захираи барф дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар хатари фаромадани тармаро пешгӯӣ намуданд, ки дурустии он дар давоми моҳҳои январ, феврал ва марти соли равон  ба 90% расидааст.

Кумита ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар татбиқи рӯзномаи глобалии иқлим ва об минбаъд низ талошҳои худро идома хоҳад дод.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Март 19, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Конибодом корхонаи коркарди зардолу бунёд мешавад
Дар Тошканд ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд