САДОҚАТИ БЕАНДОЗА НИСБАТ БА КАСБ. Дар Тоҷикистон 87 зан дар вазифаи судя фаъолият дошта, аз онҳо 17 нафар вазифаи раисон ва муовинони раисони судҳои шаҳру ноҳияҳоро бар дӯш доранд

Март 6, 2024 14:28

ДУШАНБЕ, 06.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Модар, ки ҳамасола бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шуруъ аз соли 2009 ҷашн гирифта мешавад, ба унвони АМИТ «Ховар» аз номи занони касбу кори гуногун оид ба нақши занону модарон дар бахшҳои гуногун мақолаҳо ворид мешаванд. Судяи Суди Олӣ, Раиси Коллегияи суди олӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Ҳаким дар арафаи Рӯзи Модар  оид ба баланд бардоштани дастрасии занон ба адолати судӣ ва таъмини баробарии гендерӣ андешаҳояшро  пешниҳод намудааст.

— Давлату ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо таъкиду дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми занро дар ҷомеа ба хотири иштироки васеи занону духтарон дар идоракунии давлат яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ эътироф намудааст.

Мо, занону духтарони тоҷик тақдиру иқболи баланд дорем, ки Сарвари давлати мо мустаҳкамии оила ва баланд бардоштани мақоми занро дар ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ эълон намудаанд. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, баробарҳуқуқии гендерӣ, ҳифзи оила, модар ва кӯдак дар Конститутсия ва қонуну кодексҳо кафолат дода шудааст.

Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои мамлакати тараққиёфта ба шумор меравад. Тоҷикистон  ҳамчун аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба санадҳои байналмилалӣ, ки дар онҳо ҳуқуқи занон қисми ҷудонопазири ҳуқуқи инсон эътироф шудааст, ҳамроҳ гардида, уҳдадориҳои байналмилалиашро пайваста иҷро менамояд. Бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон, тавсеаи ҳуқуқ ва имконияти занон нақшаҳои миллӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа», барномаҳои давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷо намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи дурнамои фаъолгардонии мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чандин  санаду меъёрҳои дигар далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон далели он аст, ки дар ҳақиқат ҳам ин фармону барномаҳо натиҷаҳои нек меоваранд. Маълум, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан ва модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасб ҳастанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд. Мақсад аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон мебошад.

Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият, аз ҷумла мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ рӯз ба рӯз афзоиш ёфта, онҳо дар ташаккул ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳм мегузоранд.

Дастрасии занон ба адолати судӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими баробарии гендерӣ мебошад. Тибқи санадҳои байналмилалӣ, дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дастрасӣ ба адолати судӣ принсипи асосии таъмини волоияти ҳуқуқ эътироф шудааст.

Имрӯз дар натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ дар ин самт занону духтарон дар ҳамаи сатҳҳои шохаҳои ҳокимияти давлатӣ — қонунгузор, иҷроия, судӣ мансабҳои баланди давлатиро ишғол менамоянд ва барои фардои неки фарзандонашон саҳм мегузоранд.

Агар чун анъана солҳои пештар шумораи занону духтарон асосан дар соҳаи маориф ва тандурустӣ  зиёдтар мушоҳида мегардид, имрӯз шумораи занону духтарон дар мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ афзудааст.

Зиёд намудани шумораи заноне, ки дар судҳои ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд ҳамзамон яке аз уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, натиҷаи таъмини он  боиси баланд гардидани сифати баамалбарории адолати судӣ ва яке аз воситаҳои муҳими таъмини баробарии гендерӣ мебошад.

Бояд иброз намуд, ки занон дар давраҳои гуногуни инкишофи давлатдорӣ дар ниҳоди судии мамлакат фаъолият намуда, барои рушди ҳокимияти судӣ, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ  ва ба амалбарории адолати судӣ дар баробари мардон саҳмгузор буданд ва ҳастанд.

Шарафмандӣ, касбияти баланд, садоқати беандоза нисбат ба касби интихобнамуда ва меҳнати фидокоронаи онҳо барои занон-судяҳои муосир, ки дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти судӣ фаъолият менамоянд, намунаи ибрат аст.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ дар натиҷаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар мамлакат системаи судии давлат сифатан тағйир ёфта,  ҳамзамон корҳои зиёде баҳри афзудани шумораи занон дар ҳокимияти судӣ андешида шуданд. Ҳоло 87 нафар зан дар вазифаи пурмасъулу пуршарафи судя фаъолият намуда, аз онҳо 17 нафарашон вазифаи раисон ва муовинони раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо ва 25 нафар хизматчиёни давлатӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар дастгоҳҳои судҳоро бар дӯш доранд.

Ҳамзамон шумораи занон аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, ки дар дастгоҳҳои судҳои ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд, рӯ ба афзоиш дорад. Имрӯз шумораи занон аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ дар ҳокимияти судӣ то 173 нафар расидааст, ки аз ин 25 нафарашон дар дастгоҳҳои судҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда, захираҳои кадрӣ барои дар оянда ба вазифаи пурмасъули судя таъйин шудан мебошанд.

Ҳамин сиёсати пайгирона аст, ки соли гузашта аз 60 коромӯзе, ки ба вазифаи пуршарафи судя таъйин гаштаанд, 14 нафарашон занон буданд.

Бо мақсади ноил гардидан ба баробарии гендерӣ дар ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани иқтидори занон — судяҳо ва таъмин намудани баробарҳуқуқӣ ва имконияти занон дар системаи судӣ, соли 2022 мақоми машваратӣ — Шурои занон-судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Суди Олӣ ташкил гардид ва дар он 87 нафар занон-судяҳое, ки дар Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ фаъолият менамоянд, муттаҳид гардиданд.

Афзудани шумораи заноне, ки дар ба амалбарории адолати судӣ бевосита иштирок менамоянд ва дар соҳаи хизматрасонии ҳуқуқӣ фаъолият мебаранд, воситаи муҳими тавсеаи дастрасии занон ба адолати судӣ мебошад.

Аз ин рӯ, тибқи низомномаи Шурои занон-судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон дар ҳокимияти судӣ ва пешбарии занон баҳри иштироки пурраи онҳо дар ба амалбарории адолати судӣ яке аз вазифаҳои асосӣ муқаррар  шудааст.

Шарти муҳими таъмини баррасии боадолатонаи муроҷиати занон ба суд- ин қабули қарори асоснок ва беғараз бо назардошти таҳлили ҳаматарафаи ҳолату далелҳо мебошад.

Ҳамин тавр, маҳз бо дастгирии пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз занони Тоҷикистон ба неруи бузурги пешбари ҷомеаи муосир мубаддал гардидаанд.

Таманно дорам, ки занону духтарони тоҷик  ҳамеша сарчашмаи меҳру муҳаббати бепоён ва нури маърифати хонадон бошанд.

Рухшона ҲАКИМ,
Судяи Суди Олӣ,
Раиси Коллегияи суди олӣ оид ба парвандҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Март 6, 2024 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид