Сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд

Март 15, 2024 09:44

ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои  Колумбия, Ватикан, Сиерра-Леоне ва  Ангола бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон сайри осорхонавӣ ташкил шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Сафирони давлатҳои хориҷӣ зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва давраҳои пурифтихори таърихи халқи т оҷик, махсусан бо ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ аз наздик шинос шуданд.

Сафирон аз шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ таассуроташонро навиштанд.

 АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 15, 2024 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид