«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 15 000 бех гули ороишии мавсимӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур (КИ ҲХДТ) дар кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия, инчунин ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳашар баргузор шуд. Ҳашар дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роҳи умед»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо ҷалби васеи аъзои ҳизб ташкил шуд.Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур хабар медиҳад.
Ин иқдом баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудаанд, амалӣ гардид.
Зимни баргузории ҳашар 15 000 бех гули ороишии мавсимӣ шинонида шуд. Ҳамзамон ҳашарчиён атрофи дарахтонро нарм намуда, муҳити атрофро аз ҳар гуна партов ва хазонбаргҳо тозаву озода намуданд.



Мақсад аз ин гуна иқдоми ҳизбиёни пойтахт пайравӣ ба ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахт ва истифодаи самараноки ҳар рӯзи офтобии баҳор барои тозаву озода намудани манзилу кошона, кӯчаву маҳаллаҳои зист ва ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе мебошад.
Бояд гуфт, ки сокини пойтахт будан на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бузург низ мебошад. Аз ин рӯ мо, сокинони пойтахт бояд фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намуда, бо тозаву хуррамгардонӣ ва ниҳолшинониву муносибати ғамхорона нисбат ба майдончаҳои варзишӣ шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистонро тозаву озода нигоҳ дорем.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур










Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






