Шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд дар интихоботи президенти Русия овоз диҳанд
ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 март интихоботи Президенти Федератсияи Русия баргузор мешавад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Тавре Сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар интихоботи қарибулвуқуи Президенти Федератсияи Русия шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд дар Душанбе ва Хуҷанд овоз диҳанд.
“Қитъаҳои интихоботӣ 17 март аз соати 08:00 то 20:00 фаъолият менамоянд. Қитъаи интихоботӣ дар бинои Раёсати консулии Сафорат дар Душанбе дар суроғаи: кӯчаи Абуалӣ ибни Сино, бинои 29/31 ҷойгир мешавад. Қитъаи интихоботӣ дар ҳудуди Консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд дар кӯчаи Сирдарё, бинои 21 ҷойгир аст. Илова бар ин, барои хизматчиёни ҳарбии Русия ва аъзои оилаи онҳо 4 қитъаи иловагии интихоботӣ кушода мешавад»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ҳамаи шаҳрвандони Русия, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва дар рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, метавонанд ба яке аз қитъаҳои интихоботӣ шахсан ҳозир шуда, шиносномаи дорои эътибор дар Русия (хориҷӣ, дипломатӣ, хизматӣ, дохилӣ)-ро пешниҳод намоянд.
Бояд гуфт, ки 8 феврал Комиссияи марказии интихоботи Русия рӯйхати ниҳоии номзадҳоро барои президентӣ дар соли 2024 тасдиқ намуд:
- Даванков Владислав Андреевич, ҳизби «Одамони нав».
- Владимир Владимирович Путин, худпешбарӣ.
- Слутский Леонид Эдуардович, ҲЛДР.
- Харитонов Николай Михайлович, ҲКФР.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






