СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Панҷакент гурӯҳи тарғиботӣ бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо мегузаронад

Март 10, 2024 13:50

ДУШАНБЕ, 10.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаҳои Рӯдакӣ, Сои мисрак ва Қоқурӣ мулоқот анҷом дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масъулин таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба риояи ҳатмии қонунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, танзими маъракаҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷалб намуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақшаи муштараки корҳои тарғиботиро, ки ба он ниҳодҳои марбутаи сохторҳои давлатӣ дохил мебошанд, таҳия намудааст. Тибқи он чунин мулоқоту суҳбатҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳо гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 28 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Март 10, 2024 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд