Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд

Март 21, 2024 11:24

ДУШАНБЕ, 21.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба» баҳри пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр намудани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии Соли нави аҷдодӣ пешвоз гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ корвони наврӯзии чор ноҳияи шаҳр бо рамзҳои наврӯзии Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо руҳияи баланди саршор аз шукгузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон аз чор самт вориди базмгоҳҳои наврӯзӣ гардида, ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар доданд.

Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукуҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии мамлакат, арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгону шукургузории сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди худшиносию меҳанпарастии кулли сокинони мамлакат таҷлил гардид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 21, 2024 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд