ТАРАННУМИ НАВРӮЗӢ. Дар Мактаби президентӣ ва Литсей барои хонандагони болаёқати Хоруғ Наврӯзи бостонӣ таҷлил шуд

Март 20, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ ҷашни байналмилалии  Наврӯз бо расму русуми аҷдодӣ таҷлил гардид, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иштирок намуд. Дар ин  хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Раиси вилоят ва меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва хӯрокҳои миллии муассиса дидан намуда, ба намоиши хӯрокҳои миллӣ ва бозиҳои қадимии мардуми Бадахшон баҳои арзанда доданд.

Раиси вилоят иброз дошт, ки аз Наврӯзи соли 2023 то Наврӯзи нав дар вилоят бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои куллӣ  рӯйи кор омаданд.  Маҳз аз баракати Истиқлоли миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва кӯшишҳои хастагинопазири роҳбарияти мамлакат имрӯзҳо ин иди аҷдодии моро тамоми ҷаҳониён таҷлил менамоянд, ки ин мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар сокини Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳақиқат ҷашни Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунё аст, ки бо фарорасияш аз оғози фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба асолати таърихии Наврӯзи оламафрӯз гуфтаанд: «Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст».

Иброз гардид, ки Тоҷикистони мо сарзамини хуршедӣ мебошад, ки бо пайки неки Наврӯз табиат аз нав зинда мешавад ва ин диёри нозанини мо ба гулистон табдил меёбад.

Ҳамзамон бо шукуҳу фараҳмандиҳои бешумор дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ бо иштироки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, ки дар он хонандагон ва муаллимони ин боргоҳи маърифат Наврӯзи байналмиллалиро бо шаҳомат ҷашн гирифтанд.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки тавассути оинҳои арҷманди Наврӯз ҷаҳониён бо рӯзгор, фарҳанг, ҳастӣ ва ҷавҳари аслии мардуми тоҷик шинос шуданд. Ҷашни байналмилалӣ гардидани Наврӯз далели  таърихи бою ғанӣ ва фарҳанги оламшумул доштани тоҷикон мебошад.

Барномаи фарҳангӣ, ки муҳтавои он аз шукри истиқлол, шукуфоии Ватан, пешрафти ҷомеа ва ваҳдату ягонагӣ иборат буд, пешкаши ҳозирин гардид.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ/ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Март 20, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Арабистони Саудӣ Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Женева ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил шуд
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПЕШВОИ НАВРӮЗ». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷашни Наврӯз истиқбол гирифта шуд
Тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза истиқбол мегирифтанд
Ҳамоиши наврӯзии «Корвони шодӣ» ба мардум шодиву нишоти беандоза бахшид
Дар Истаравшан ҷашни Наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҷлил гардид
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
Дар Кумитаи телевизион ва радио ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи расму оинҳои хосса таҷлил гардид
Дар Суғд мусобиқаи пойга ва бузкашӣ баргузор шуд