ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Бо ин мақсад дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон доир ба таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин вохӯрӣ дар доираи сафари гурӯҳи корӣ ба вилояти Суғд баргузор гардида, мақсад аз он шарҳу тавзеҳи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат 9 марти соли 2024 баён гардид ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» буд.
Дар мулоқот Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Ниёзӣ, ҳайати гурӯҳи корӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ҳувияти миллии ҷавонон табодули афкор намуда, гуфт, ки бақои ҳар миллату давлат ва рушди озодонаи ҳар фард ба худшиносиву ҳисси баланди ватандӯстӣ вобаста аст. Яъне таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ- кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагӣ дорад. Ин моро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимиамон қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузорем.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






