ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамасола дар ҷаҳон 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҷлил мешавад

Март 21, 2024 13:33

ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи босуръат тағйирёбандаи ҷаҳони муосир мураккабу тира буда, дар баробари ҷанбаҳои зиёди ба ин вазъ таъсиргузор (иқтисод, сиёсат, фарҳанг) омилҳои табиӣ низ торафт ба мадди аввал мебароянд ва аз ин ҷиҳат инсоният дар ин самт тадбирҳои муассир меандешад. Чунин нигоштааст дар мақолааш декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёри Қутбиддин, ки шакли пурраи мавод дар зер пешниҳоди хонандагон мешавад.

Дар робита ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

Ифтихори мардуми тоҷик аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаро дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул намуд. Ин ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати аъзои ин созмон ҷонибдорӣ намуд ва дар асоси он соли 2025 дар Тоҷикистон бо тасмими Созмони Милали Муттаҳид баргузор намудани конфронси байналмилалӣ доир ба ин мавзуъ дар назар аст.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки акнун ҳамасола дар ҷаҳон 21  март таҷлил мешавад, пешниҳоди Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул гардид. Хушоянд аст, ки дар робита ба ин аз ҷониби мутахассисону муҳаққиқон, рӯзноманигорону адибон ва доираи васеи аҳли зиёву фарҳанг тавзеҳу тафсири хеле зиёд дар ин мавзуъ пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, ҳанӯз ду сол қабл дар ин хусус ва бисёр паҳлуҳои дигари масъала мақолаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода таҳти унвони “Пазируфтани ташаббусҳои Пешвои тоҷикон аз ҷониби СММ бори дигар аз нуфузи ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад” (АМИТ “Ховар”, 16.12.2022) нашр гардид, ки хеле муфассалу дақиқ маълумот медиҳад. Андешаҳои илмиву оммавии профессор Эмомалӣ Насриддинзода дар ин мақола хеле хуб таҷзия ёфта, дар он зарурату муҳимияти ташаббуси навбатии Тоҷикистон аз чанд равзана тавзеҳ ёфтааст.

Дар мақола дуруст омадааст, ки “ин қатънома яке аз қатъномаҳои нодир маҳсуб мешавад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дарҷ гардидааст”.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, омилу сарчашмаи таваҷҷуҳ ба оби ошомиданӣ ва ҳушдору огаҳӣ ба тамоми аҳли башар мебошад. Зеро об дар зиндагонии инсоният ягона неъмати ивазнашаванда ба шумор меравад.  Дар ҷои дигар профессор Эмомалӣ Насриддинзода дуруст таъкид намудааст, ки  “масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза баромад менамояд, ба мушкилоти рақами яки ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст”.

Бузургтарин  пиряхҳои ҷаҳон 

Дар тамоми ҷаҳон 200 ҳазор пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки онҳо 10 фоизи ҳудуди хушкии Заминро пӯшонидаанд. Ҳамчунин 10 пиряхи бузургтарин дар ҷаҳон эътироф шудаанд, ки дар минтақаи кӯҳсорон ё хушкӣ ҷойгир мебошанд:

  1. Батура. Бо 56 километр дарозӣ дар  ҳудуди  Покистон;
  2. Ёстедал. Бо 60 километр дарозӣ дар Норвегия;
  3. Инлчеки ҷанубӣ. Бо 61 километр дарозӣ дар ҳудуди Чин ва Қирғизистон;
  4. Балторо. Бо 62 километр дарозӣ дар Покистон;
  5. Биафо. Бо 63 километр дарозӣ дар Покистон;
  6. Брюген. Бо 66 километр дарозӣ дар Чилӣ;
  7. Сиачен. Бо 75 километр дарозӣ дар ҳудуди Покистону Ҳиндустон;
  8. Федченко. Бо 77 километр дарозӣ дар Тоҷикистон;
  9. Хаббарда. Бо 122 километр дарозӣ дар Аляска;
  10. Ламберт-Шиффер. Бо 400 километр дарозӣ дар Антарктида.

Шаклгирии пиряхҳо 

Пиряхҳо дар нуқтаҳои баланду сард дар асоси боридани қабатҳои барф пайдо мешаванд. Барфҳои борида болои ҳам қарор гирифта, бо таъсири ҳавои сард об намешаванд ва ҳамдигарро фишор медиҳанд. Гармиҳои муназзами тобистон ва обшавии болои пиряхҳо шаклгирии ях (лозурҳо) — ро ба вуҷуд меоваранд. Низоми махсуси табиат мебошад, ки миқдори муайяни пиряхҳо ҳамасола об шуда, бештар захираи оби дарёҳоро таъмин менамоянд. Пирях низ ҳаракат менамоянд ва ба ин ҳаракат обшавии он мусоидат менамояд. Мутаассифона, давоми як асри охир ҳаракати пиряхҳо бештар гардидааст.

Пиряхҳо дар таркибашон нисбат ба барфу яхҳои муқаррарӣ маводи зиёдро нигоҳ медоранд. Хок, санг, гил ва ғайра бар асари шамол дар таркиби пирях қарор гирифта, онро ифлос низ мегардонанд. Пиряхҳо вобаста аз ғафсии худ вазни хосро соҳиб мебошанд. Масалан, қабатҳои ғафсии ях дар Греландия 3000 метр ва дар Антарктида 4500 метрро ташкил медиҳанд. Пиряхҳо дар ҷаҳон бо вазни хосашон тавозуну низоми махсусро миллионҳо сол нигоҳ доштаанд. Аз байн рафтани онҳо вазъи фоҷиабори экологиро ба миён меоварад.

Вазъи пиряхҳои Тоҷикистон

То имрӯз дар Тоҷикистон 13 ҳазор пирях маълум мебошад, ки 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. 50 соли охир дар Тоҷикистон беш аз ҳазор пирях нест шудааст. Масоҳати умумии қитъаҳои зери пиряхҳо 11146 км буда, ҳудудан 6 фоизи масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Қисми бештари пиряхҳо дар Помири шимолию Ғарбӣ ҷойгир шудаанд. Чанд даҳсолаи охир обшавии босуръати пиряхҳо сабаби фоҷиаҳои харобиовар мегардад.  Бузургтарин пирях дар Тоҷикистон бо номи Федченко яке аз даҳ пиряхи калонтарини ҷаҳон ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти олимон, баъзе пиряхҳои системаи Федченко аз сабаби кам шудани дарозӣ ва ҳаҷми масоҳати пиряхҳо аз қисми асосии пиряхи Федченко чандин километр ақиб гашта, ба пиряхҳои хурди мустақил табдил ёфтаанд.

Тағйирёбии иқлим бесобиқа мебошад

Сабаби обшавии пиряхҳо, пеш аз ҳама, тағйирёбии иқлим аст. Сол то сол маълум мегардад, ки гармшавии ҳарорати ҳаво мавҷудияти ояндаи пиряхҳоро зери суол мебарад. Тағйирёбии иқлим давоми 3 миллион сол тибқи охирин нишондиҳандаҳо бесобиқа мебошад. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар ҷаҳон беш аз 1 миллион тонна пирях об мешавад. Барои муқоиса, пиряхе, ки “Титаник”-ро ғарқ сохта буд, 75 ҳазор тонна вазн дошт.

Қабатҳои атмосфера бо таъсири истеҳсолоту саноат давоми сад соли охир шаклашонро дигар намудаанд. Ҷангалзору бешазор ба талу теппаҳову биёбонҳои сӯхта табдил меёбанд. Саноати васеъ, истеҳсолоти бетанаффуси заводу фабрикаҳо, партови газҳо, маводи химиявию биологӣ ва озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ ба қабатҳои озонӣ таъсири манфии зиёд расонидаанд.

Кам гардидани ҳудуди ҷангалҳову бешазорон ва таъсири бади экологӣ ба табиат ҳарорати рӯйи Заминро бештар сохтааст. Зиёд гардидани заминҳои корам ба кам рехтани оби дарёҳо ба кӯлу баҳрҳо (баҳри Арал) сабаб гардида, баъзеи онҳо хушк шуданд. Иқлим гарм гардида, сӯхторҳоро дар табиат зиёд гардонид, ки ин яке аз омилҳои обшавии пиряхҳо мебошад. Масалан, сӯхтори бешазори Сибир яке аз омилҳои босуръат обшавии Арктика ба шумор меравад.

Аз рӯйи ҳисоби олимони соҳаи экология, теппаву кӯҳсороне, ки аз дарахтону ниҳолҳо холӣ мешаванд, ба кам гардидани пиряхҳо ва обҳои тоза таъсири бештар мерасонанд.

 Оқибатҳои нестшавии пиряхҳо 

Нишона ва оқибати обшавии пиряхҳо обхезӣ, тӯфонҳо, баландшавии сатҳи оби баҳру дарёҳо, зери об мондани давлату минтақаҳои назди соҳили уқёнусҳо, кам гардидани истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ мебошанд. Агар дар тобистон минтақаҳои шарқи Русия аз боронҳову баландшавии сатҳи оби дарёҳо азият дошта бошанд, пас дар ин ҳангом Фаронса аз гармшавии бесобиқаву хушксолӣ азият мекашад. Дарёҳои алоҳидаи қадимӣ дар Аврупо аз байн мераванд.

Нестшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ барин минтақаҳо пайомадҳои мушкил дорад. Ба андешаи профессор Эмомалӣ Насриддинзода, дуруст аст, ки “…об дар ҷаҳон, махсусан дар Осиёи Марказӣ неъмати бебаҳо, муҳимтарин унсури миллӣ ва амниятии минтақавӣ аст”. Аз ин ҷиҳат обшавии пиряхҳо танҳо мушкили Тоҷикистон набуда, зиндагии беш аз 70 миллион сокинони Осиёи Марказиро душвор мегардонад.

Тӯфонҳо, сӯхтори бешазор, хушксолиҳо, боронгариҳои тобистона бештар ИМА, Австралия, Русия ва баъзе кишварҳои аврупоиро азият медиҳанд, ки бештари онҳо ин зуҳуротро интизор набуданд.

Обшавии пиряхҳо вазъи “муҳоҷиратӣ” – ро дар ҷаҳон мураккабу тезутунд менамояд. Ин вазъият ихтилофу даргириҳоро дар байни давлатҳо ба вуҷуд оварда метавонад.

Бо чунин суръат обшавии пиряхҳо дар ояндаи начандон дур на танҳо соҳилҳои алоҳида, балки шаҳрҳову минтақаҳои азимро зери об қарор медиҳад. Пиряхҳо дар қабатҳои поёнӣ аксар минтақаҳои ҷаҳони имрӯза-вулқонҳоро дар ҳолати орому шахшуда низ қарор додаанд. Обшави пиряхҳо ба фаъолгардии “вирус ва бактерияҳои хуфта” низ мусоидат намуда, эпидемияҳоро низ зиёд мегардонанд.

Чанд даҳсолаи охир дар маҷмуъ дар байни мавҷудоти зинда вирусҳову эпидемияҳои нав пайдо гаштаанд, ки ба вазъи экологӣ робита доранд. Ба таври мисол, дар намунаи пиряхҳо олимони амрикоӣ 33 намуди вирусҳоро пайдо намудаанд, ки 28 адади онҳо нав ва барои илми муосир номаълум мебошанд.

Паҳншавии вирусҳо аз пиряхҳои обшаванда, ки ба дарёҳову баҳрҳову уқёнусҳо мерезанд, барои тамоми мавҷудоти зинда, аз ҷумла инсон таҳдид менамояд. Обшавии пиряхҳо дар кӯҳистон бештар аз ҳама ба ҳаёти инсоният зарар мерасонад. Пиряхҳои кӯҳӣ нисбат ба дигар пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим зудтар об мешаванд. Шадидтарин фоҷиа аз обшавии пиряхҳо- ин кам гардидани оби ошомиданӣ дар дунё ба шумор меравад.

Антарктида низ об мешавад

Хавфи он мавҷуд аст, ки Антарктидаи бузург низ об шуда истодааст ва соҳилҳои он торафт васеъ мегарданд. Антарктида миллионҳо сол  бо мавҷудияти худ тавозуни системаи уқёнусҳоро нигоҳ дошта омадааст.

Бо сабаби обҳои гарм пиряхи Туэйтсаи Антарктида (бо 192 ҳазор километри мураббаъ ва 120 километр дарозӣ) бо суръат об мешавад, ки бо бузургияш тақрибан ба масоҳати Британияи Кабир баробар аст.

Пурра обшавии пиряхи  Туэйтса 4 фоиз баландшавии меъёри оби уқёнуси ҷаҳониро ба вуҷуд меоварад. Дар оғози соли 2020 ду ҷазира зери об қарор гирифт ва агар сатҳи оби уқёнуси ҷаҳонӣ як метр баланд гардад, 80 фоизи давлати Малдива зери об қарор мегирад.

Гармшавии иқлим ба Антарктида аллакай таъсир расонида, мавҷудоти зиндаи он, аз ҷумла хирсҳои сафеду пингвинҳо кам мегарданд.

 Африка ва Осиё – осебпазиртарин қитъа

Пиряхҳои Ҳимолой 7 дарёи бузургтарини Осиёро бо об таъмин менамоянд. 2 миллиард сокини минтақа аз оби ин дарёҳо истифода менамоянд. Нестшавии пиряхҳои Ҳимолой норасоии обро дар бузургтарин давлатҳои сераҳолӣ, ба монанди Ҳиндустон, Чин, Покистон ва Бангладеш ба вуҷуд меоварад. Нобудшавии ин пиряхҳо системаи хоҷагии қишлоқро дар ин минтақаҳо аз байн мебарад. Нобудшавии пиряхҳо минтақаҳои аҳолинишинро зери об қарор медиҳад.

Аз соли 1975 то 2019 пиряхҳои Ҳимолой чоряки вазнашонро аз даст додаанд. Қуллаҳои баланд дар инҷо алҳол яху барфпӯш мебошанд. Аммо дар баландии 5000-5500 метр аллакай растаниҳо рӯйида истодаанд, ки пештар бо сабаби сардӣ чунин падида ғайриимкон буд. Олимон ҳисоб намудаанд, ки бо чунин ҳолат гармшавии иқлим сабаб шуда метавонад, ки то соли 2100 қариб нисфи пиряхҳои Ҳимолой аз байн раванд. Зиндагии садҳо миллион сокини Осиёву Африка аз мавҷудияти пиряхҳои системаи қаторкӯҳҳои ин минтақа вобаста мебошад.

Аврупо низ дар канор намемонад

Агар обшавии пиряхҳо дар Осиё проблемаи норасоии обҳоро ба вуҷуд оварад, ин омил баръакс баъзе минтақаҳоро бо зиёдшавии сатҳи об таҳдид менамояд. Гренландия баъди Арктика дуввумин минтақаи яхпӯш мебошад, ки аз рӯйи масоҳат аз давлатҳои Фаронса, Испанияву Олмон бузургтар аст. Обшавии танҳо Греландия барои ҳаёти 400 миллион сокини сайёра хатар эҷод менамояд. Бо чунин суръат обшавии пиряхҳо эҳтимол дорад, ки қисми зиёди Аврупоро зери об гузорад.

Буҳрони минтақаи Арктика дар ояндаи начандон дур проблемаи ҷиддии глобалӣ ба вуҷуд меоварад. Соҳилҳои Арктика ба ҳашт давлати дунё тааллуқ доштанд ва гумони ин давлатҳо дар бораи дертар об шудани он  ботил баромад. Тадбирҳои онҳо барои нигаҳдории  Арктика натиҷаи кам медиҳад.

Аз рӯйи таҳқиқоту пешгӯии олимони Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, бо чунин раванди обшавии пиряхҳо 25 фоизи инфрасохтори шаҳрҳои қисми шимолии Русия тағйир меёбад. Аз нисф зиёди бузургтарин пиряхи Аврупо бо номи Алеч, ки бо масоҳату тӯли худ бузургтарин дар минтақа мебошад, то соли 2050 аз байн меравад. Аз рӯйи ҳисоби олимон, то охири аср аз се ду ҳиссаи пиряхҳои кӯҳсорони Алпаз нест мешавад.

Исландия дар тарҷумаи худ маънии “кишвари яхҳо”- ро дорад. Тибқи ҳисобҳо бо иллати обшавии пиряхҳо баъди 200 сол ин ном пурра маънияшро аз даст медиҳад.

Баъзе умедҳо 

Назари дигаре вуҷуд дорад, ки на ҳама пиряхҳои дунё об шуда истодаанд. Масалан, дар Иёлоти Патагонии Аргентина пиряхи Перито-Морен, ки аз ҷиҳати фарогириву тавлиди оби тоза баъди Арктикаву Антарктида қарор дорад, ҳолаташро як хел нигоҳ доштааст. Агар пиряхҳои Ҳимолой босуръат об мешаванд, баъзе пиряҳои дигар дар Осиё (қаторкӯҳҳои Қароқурум ва Куэн — Лун) баръакс устувор буда, ҳатто афзоиш доранд. Нигаронкунанда он аст, ки захираҳои асосӣ, ки дар Арктикаву Антарктида мебошанд, бештар нест мешаванд.

Барқарорсозӣ ва ҳифзи пиряхҳо

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли 2023 ибораҳои “иқлими сабз” ва “сабзазорнамоии саросарӣ”-ро баён намуданд, ки тадбирҳои стратегӣ ба шумор мераванд. Иқтисоди “сабз”, энергияи “сабз”, кам гаштани партови газҳо ба атмосфера ин вазъиятро тағйир дода метавонад, аммо барои ин даҳсолаҳо зарур аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шавад. Дар ин самт роҳҳои ҳифзи пиряхҳо ва нигаҳдории онҳо кам намудани партовҳо ба атмосфера, амалӣ намудани иқтисоди “сабз”, шаклҳои дигари саноат ва амсоли ин мебошанд.

Иқдоми оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалинамоии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмуӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.

Бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим моро зарур аст, ки ҳамчун мутахассис ва муҳаққиқ ташаббускор бошем ва тамоми чорабиниҳои нақшавиро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2024 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба эълони Рӯзи байналмилалии морхӯр дар воситаҳои ахбори оммаи Швейтсария тарғиб гардид
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон инъикос гардиданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
Покистон ба ташаббусҳои Роҳбарияти олии Тоҷикистон дар самти таъмини об ва энергияи сабз дар ҷаҳон баҳои баланд медиҳад
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Дар Женева бо ташаббуси Тоҷикистон чорабинии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид марбут ба обу иқлим баргузор шуд