«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25-27 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Покистон ва Туркия маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии ширкатҳои беҳтарини ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи ҷумҳурӣ маъруф мебошанд, муаррифӣ мешавад.
Намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо намоянд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дафтари минтақавии рушди таҳвилгарон ва содирот таъсис дода мешавад
Аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон 65 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад
Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид
То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 325 миллиард сомонӣ расонида мешавад
ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад






