Тоҷикистон ҳамкориро бо Словакия дар соҳаи роҳу нақлиёт тақвият медиҳад

Март 22, 2024 13:48

ДУШАНБЕ, 22.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Словакия дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла, дар доираи муколамаи Тоҷикистон-Иттиҳоди  Аврупо, бахусус Созишнома дар бораи иҷозати ягонаи транзитии TRACECA (долони нақлиётии Аврупо – Қафқоз-Осиё) дар мулоқоти Вазири нақлиёти  Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Тошканд) Виктор Боретский дар Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба рушди ҳамкорӣ байни ду давлат тибқи Ёддошти моҳи январи соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Словакия ба имзорасида  изҳори ҳавасмандӣ намуд.  Ҳадаф аз имзои ин санад ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва грант барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати насби тарозуҳои автомобилӣ дар роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Тоҷикистон буд.

«Насби тарозуҳо оид ба танзими меъёрҳо ва ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ба ҳифзи инфрасохтори сохташуда аз осеббинӣ мусоидат менамояд», — гуфт вазир.

Ба андешаи  Азим Иброҳим, ин раванд дар маҷмуъ ба  солҳои дароз хизмат намудани инфрасохтори сохташуда ва коҳиши ҷалби маблағ барои нигоҳдории ҷории иншооти роҳ  мусоидат менамояд.

Сафири Словакия Виктор Боретский омодагиашро барои мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ тасдиқ намуда, ваъда дод, ки иҷрои нуктаҳои Ёддошти ҳусни тафоҳумро дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Бонки содирот ва воридоти Словакия ва ширкати «Betamont», ки дар татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт, хусусан дар соҳаи насби  тарозуҳо барои чен кардани вазни воситаҳои нақлиёти боркаш ва рақамисозии соҳаи роҳу нақлиёт таҷрибаи  хуб ва дастовардҳои назаррас дорад,  зери назорат мегирад.

 АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон

Март 22, 2024 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид