Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом бо иштироки Вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода деҳқонону хоҷагидорон кишти пунбадонаро оғоз намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади дар маҳал дида баромадан ва тақвияти корҳои саҳроӣ бо масъулин ва кишоварзони шаҳри Конибодом суҳбат намуданд.
Ҳангоми мулоқот ба масъулин ва кишоварзон аз ҷониби Вазири кишоварзии мамлакат оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи маҳсулоти истеъмолӣ, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию президентӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат, риояи агротехникии зироат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию ҳашароти зараррасон, коркарди химиёвии зироати кишоварзӣ, майдони зироат ва боғу токзор маслиҳату тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






