ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 ба имзо расидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати иҷрои ин фармон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидаанд, ки бо таъсиси комиссияҳои дахлдор ҷараёни омӯзиши забонҳои хориҷиро назорат кунанд ва дар муҳлати як моҳ қоидаҳо оид ба муайян намудани сатҳи донистани забонҳои хориҷиро таҳия ва тасдиқ намоянд.
Ин иқдом бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотиии давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор маҳсуб шуда, дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «дар айни замон ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар миёни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






