«ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар барномаи тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид

Март 6, 2024 16:55

ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба бузургдошти Рӯзи Модар бо иштироки ходимони давлатӣ, фаъолони арсаи сиёсат ва ҷомеа, намояндагони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» барномаи  тантанавии фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Барномаи тантанавӣ бо суханони табрикии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ  ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оғоз гардид. Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз номи Ҳукумати ҶумҳурииТочикистон кулли модарон ва занону духтаронро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуд.

Гуфта шуд, ки бузургдошти Рӯзи Модар, ки 15 сол муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ба кулли модарону занони тоҷик руҳу илҳоми тоза бахшид. Ин нишони сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи занону модарони тоҷик мебошад.

Ин ибтикору иқдоми наҷиби Пешвои миллат арҷгузорӣ ба шабзиндадориҳои модарон буд, ки  давоми ҳазорсолаҳо фарзандони баруманди миллатро дар оғӯши гарму нарми хеш аз газандҳо нигоҳ дошта, бо аллаҳои гӯшнавозу ҷонбахш ба камол расонидаанд. Меҳру муҳаббат ва арҷгузорӣ ба модар буд, ки мақому манзалати зан-модар бо кӯшишу заҳматҳои Сарвари давлат дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонию дастгирӣ пайдо намуд.


Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон ва дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат манзалати хоссаро соҳиб гаштани онҳо буда, заҳмату фидокориҳои занон-модарон ҳамеша қадр мегардад. Зеро занону модарони тоҷик ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояшон ва ба эътидол овардани вазъи мамлакат азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо нангу номуси ватандорӣ ва заҳмати софдилона дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзишманд гузоштаанд.

Ҳоло ҳазорҳо нафар занону духтарони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рисолати ватандӯстиашонро адо намуда, дар ҳифзи марзу буми Ватан ва тартиботу оромии ҷомеа бо масъулияти баланд фаъолият менамоянд.

Ҳукумати мамлакат барои мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон ва дастгирии ин табақаи бонуфузи ҷомеа ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, барои ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷомеа чораҳои судманд мебинад.


Иброз гардид, ки имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб гардида, зиёда аз 25 фоиз хизматчиёни давлатии амалкунанда вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунандаро сарбаландона адо менамоянд.

Занони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик бо шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлат ва фазои орому осудаи мамлакат, бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк намуда, бо истифода аз рисолати пурмасъул барои таҳкими сулҳу ва ватандӯсту субот, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос ватанпараст, риояи муқаррароти қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои  беҳтар гардидани некуаҳволӣ ва шароити зиндагии хонаводаҳояшон саҳми модаронаашонро мегузоранд.

Ба ҳамоиши идона барномаи рангини фарҳангии ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ шаҳомати хосса бахшида, ба иштирокдорон накҳату нафосати тоза эҳдо намуд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 6, 2024 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 дар вилояти Суғд кумакҳои Пешвои миллатро тақдим намуд
Дар Хуҷанд оид ба нақши Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии миллии ҷавонон конференсия доир шуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузошт
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври вилоятии озмун баргузор шуд
«ДӮСТИ ПАЙВАНДИ ҶОНРО ГУМ МАКУН». Як гурӯҳ ҷавонони фаъоли Тоҷикистон тавассути «Қатораи ҷавонӣ» аз Душанбе ба шаҳри Турсунзода рафтанд
Ба иштирокчии ҷанг ва собиқадори меҳнати 104-сола Зайнулло Алиев кумакпулии яквақта расонида шуд
Корҳо барои рафъи оқибатҳои сел аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон анҷом дода шуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
ҲУШДОР! 10-12 май тағйирёбии вазъи ҳаво ва офатҳои табиии эҳтимолӣ дар назар аст
Ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд