Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 апрел дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Корея Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ «KOPIST-2024» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Дар кори форум, аз ҷумла доир ба зарфияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Корея ва ҷалби сармоягузориҳо дар соҳаи сайёҳӣ маъруза карда шуд.
Намояндагони Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар партави дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Тоҷикистон тамоми имкониятро дар самти рушди сайёҳӣ, шароити мусоиди ҳуқуқӣ, содагардонии дастрасии раводид, ба роҳ мондани низоми бераводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ҷорӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар соҳаи сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ фароҳам овардааст.
Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ «KOPIST-2024» аз ҷониби Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Корея баргузор гардида, дар он дар баробари Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони соҳаи сайёҳии чаҳор давлати Осиёи Марказӣ низ иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






